Одесса ва Харкови Украина ҳам дар орзуи раъйпурсиянд
Сокинони боз ду минтақаи Украина мехоҳанд аз пайи Луганск ва Донетск бираванд.
Utro.ru навишта, ки намояндаҳои ҳаракатҳои ҷонибдор аз Русия аз Харков ва Одесса гуфтаанд, орзуи баргузор намудани раъйпурсӣ барои муайян намудани мақоми ин минтақаҳоро доранд, аммо ҳоло барои он омода нестанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 11 май ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луганск бо талаби истиқлоли ин манотиқи умдатан русзабон аз Украина раъйпурсӣ доир карданд ва ҷудоиталабон мегӯянд, бино ба иттилои муқаддамотӣ беш аз 89 дарсад дар Донетск ва 96 дарсад дар Луганск ба тарафдорӣ аз мустақилияти ин минтақаҳо раъй додаанд. Ба дунбол ҷудоихоҳони Днетск гуфтанд, ки мехоҳанд ба ҳайати Русия пайванданд.
Киев ва чанд кишвари ғарбӣ бо шумули Амрико эълон карданд, ки ин раъйпурсиҳо ғайриқонунист ва натиҷаи онро эътироф нахоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |