Муовини вазири дифоъ: "Созиши пешакӣ ба даст омадааст"
Парлумони Қазоқистон созишнома дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ бо Русияро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Окас Сапаров, муовини вазири дифои Қазоқистон, рӯзи 13 май, ҳангоми баррасии ин мавзӯъ дар Кумитаи амният ва мудофиаи парлумони кишвараш аз таъсиси ин низом ҳимоя кардааст. Ӯ изҳор доштааст, “феълан дар доираи СПАД (ОДКБ) дар қисмати аврупоӣ низоми ягонаи Русия ва Белорус, дар қисмати Қафқоз низоми ягонаи Русия ва Арманистон фаъолият доранд.”
Сапаров таъкид намудааст, ба низоми ягонаи дифои зиддиҳавоии Қазоқистону Русия дар ояндаи наздик Тоҷикистону Қирғизистон низ пайваст хоҳанд шуд. “Созиши пешакӣ аллакай бо ин кишварҳо ба даст оварда шудааст”,- афзудааст ноиби вазири дифои Қазоқистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |