Расулзода: “Набояд аз мушкилоти рӯзмарра дар марз моҷаро созем”
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо ноиби сарвазири Қирғизистон -- Абдураҳмон Маматалиев дар Душанбе роҳҳои ҳалли баҳсҳои марзиро баррасӣ кардаанд.
Тавре ҷониби Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 13 май, ҳангоми ин мулоқот муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ, таҳкими робитаҳои наздисарҳадӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилоту ихтилофот дар марзи ду давлат, сохтмони роҳу купрӯкҳо ва рушди робитаҳои дӯстона дар соҳаи нақлиёт ва рафтуомади бемамониати шаҳрвандон баррасӣ шудаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон низ аз қавли Қоҳир Расулзода хабар додааст, ки Тоҷикистон ҳавасманди бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани баҳсҳои марзист. “Қирғизҳою тоҷикҳо асрҳо дар рӯҳияи сулҳу якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд ва имрӯз низ набояд мушкилоти рӯзмарраи сокинони навоҳии наздимарзӣ ба моҷаро табдил дода шаванд”,-изҳор доштааст нахуствазири Тоҷикистон. Ҷонибҳо таъкид кардаанд, тамоми нерӯяшонро барои ҷилавгирӣ аз ихтилофҳо дар марз равона хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои мақомот, даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххас ва аломатгузории марзи ду кишвари ҳамсоя дар Душанбе поён ёфтааст. Ҳарчанд то кунун ҷузъиёти ин гуфтушунид ошкор нашудааст, аммо ҷониби Қирғизистон мегӯяд, яке аз масъалаҳои муҳими он баррасии ҳодисаи шаби 7 майи соли ҷорӣ дар марз будааст.
Шаби 7 май миёни сокнони рустоҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо ҷониби Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар Бишкекро эҳзор карда, барояш нота ё номаи эътирозии худро супурд ва хостори таҳқиқи мунсифонаи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони он гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |