Орумбеков ба Пекин рафт, то фарҳангро ба чиниҳо нишон диҳад
Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар садри як ҳайати 40-нафарӣ озими Чин шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар додаанд, аз 11 то 17 майи соли ҷорӣ дар Чин рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Орумбековро намояндагони ансабли рақси Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев, сарояндагони машҳури тоҷик, аз ҷумла Меҳринигори Рустам, Нигора Холова, Суруш Холов, Шуҳрат Сайнаков ва Миралӣ Достиев ҳамроҳӣ доранд.
Вазорати фарҳанги кишвар мегӯяд, дар давоми рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чин баргузории ду барномаи консертӣ ва намоишгоҳи бадеию тасвирӣ пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |