Дар солгарди ҳаводиси хунини Андиҷон ҷашнвораи “Мо кӯдакони кишвари бузург” баргузор мешавад
13 май аз ҳаводиси хунини Андиҷон 9 сол пур мешавад, аммо дар Узбакистон касе аз он рӯзҳо ёд намекунад.
Бо ташаббуси мақомот, аз 12 то 14 май дар Андиҷон ҷашнвораи “Мо кӯдакони кишвари бузург” баргузор мешавад. Расонаҳои давлатии Узбакистон мегӯянд, ин ҷашнвора ба 23-юмин солгарди истиқлолияти кишвар бахшида шудааст. Аммо як сокини Андиҷон бо шарти ифшо нашудани номаш ба uznews.net, торнамои мухолифи ҳукумати Узбакистон гуфтааст, фестивали мазкур “рақс рӯи устухон”-ҳоро мемонад: “Гуиё барои баргузории ҷашнвора ҷои дигар ё санаи дигарро интихоб кардан мумкин нест. Инро махсус карданд, то ҳаводиси 13 май фаромӯш шавад”.
Ҳамсуҳбати торнамо афзуда, ки мардуми Узбакистон гумон аст ки аз ҳақиқати ҳаводиси Андиҷон огаҳ шаванд. Ҳатто онҳое, ки баъди Ислом Каримов курсиро соҳиб мешаванд, барои ошкор шудани ҳақиқат иҷоза нахоҳанд дод.
“13 майи соли 2005 мақомоти Узбакистон бидуни огоҳӣ аз “БТР”-ҳо ҷониби мардум, ки дар майдони Бобури Андиҷон аз нақзи ҳуқуқи инсон ва коррупсия дар ҷумҳурӣ эътироз мекарданд, тир холӣ кард. Миёни гирдиҳамомадагон занону духтарон ҳам буданд. Тибқи ҳисобҳои камтарин дар пайи ин тирпаронии мақомот ҳудуди ҳазор нафар кушта шудаанд”,-менависад uznews.net.
Ба навиштаи манбаъ, далели эътиирози мардум ноадолатии додгоҳ алайҳи гуруҳи иборат аз 23 тоҷири андиҷонӣ буд, ки тобистони соли 2004 бо иттиҳоми экстремизми динӣ муттаҳам шуданд. Акс аз uznews.net
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |