Ҳамтои хитоии Қосими Раҳбар ба Тоҷикистон меояд
Ню Дун, вазири кишоварзии Чин дар садри як ҳайат сафари дурӯзаи кориеро ба Тоҷикистон анҷом хоҳад дод. Ҳадаф аз боздиди Ню Дун иштироки ҳайати чинӣ дар ҷаласаи 2-юми ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ унвон мешавад.
Интизор меравад, вазири кишоварзии Чин дар ҷараёни ин сафараш бо ҳамтои тоҷики худ Қосими Раҳбар ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар низ мулоқот намояд. Инчунин Ню Дун аз корхонаҳои кишоварзии чинӣ дар Тоҷикистон боздид аноҷм хоҳад дод.
Сафари вазири кишоварзии Чин ба Душанбе дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати кишоварзии Чин - “Синтсзян инхай” ва “Хай Лӣ” дар беш аз 600 гектар замини ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ ва Хуросони вилояти Хатлон бо зироаткорӣ машғул буда, ба муҳлати 49 сол ин заминро ба иҷора гирифтаанд. Ахиран расонаҳои хабарӣ аз ҷудо шудани ҳудуди 100 гектар замини дигар барои зироаткорони чинӣ дар ноҳияи Қумсангир хабар дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |