Филми баҳсбарангези ҳуҷҷатӣ дар бораи президент (ВИДЕО)
Мақомоти Эрон мехоҳанд, таҳиягарони филми ҳуҷаттии “Ман Руҳонӣ ҳастам!”-ро, ки дар бораи фаъолиятҳои сиёсии гузаштаи Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумри ин кишвар бахшида шудааст, ба маҳкама бикашанд.
Онҳо мегӯянд, аксари маълумоти ин филм дар бораи Ҳасан Руҳонӣ беасос ва дурӯғ мебошад. Мустафо Турк Ҳамадонӣ, вакили додгустарии Эрон, гуфтааст, таҳия ва паҳн кардани ин филм хилофи Қонуни ин кишвар дар бораи “Муҷозоти шахсоне, ки дар умури самъӣ ва басарӣ фаъолиятҳои ғайриқонунӣ мекунанд” мебошад.
Дар филми ҳуҷаттии “Ман Руҳонӣ ҳастам” бештар сари фаъолиятҳои сиёсии раисиҷумҳури кунунии Эрон мутамарказ шуда, дар Ҳасан Руҳонӣ ба ғарбгароӣ муттаҳам мешавад. Ба қавли таҳиягарон, гӯиё Ҳасан Руҳонӣ аз аввал ҷонибдори муттаҳид шудан бо Ғарб буда, аз ибтидои Инқилоби исломӣ аз созишкорӣ бо онҳо ҳимоят мекардаасту хостори барқарории иртибот бо Амрико будааст: “Аз касоне буда, ки барои поёни ҷанги Ироқу Эрон барномарезӣ мекардааст.”
Инчунин, дар ин филм Ҳасан Руҳонӣ зери тозиёнаи танқид қарор гирифта, гуфта мешавад, ӯ бо қобилияти заифи раҳбарии худ дар аввалин музокироти ҳастаӣ бо Ғарб таслим шуда, ғанисозии онро Эрон қатъ мекунад. Ҳасан Рӯҳонӣ 12-уми ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст. Раисиҷумҳури нави Эрон аз соли 1999 то кунун яке аз аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ буда, аз 12 сол қабл раёсати комиссияи сиёсиву иҷтимоӣ ва аз соли 2005 раёсати дабирхонаи ин маҷлисро бар ӯҳда доштааст.
Рӯҳонӣ дар даврони Хотамӣ дабири шӯрои амнияти миллӣ ва мушовири раисиҷумҳур ва аз соли 2002 то 2004 раҳбари тими музокиракунандаи Эрон дар масъалаҳои ҳастаӣ буд. Дар маҷмуъ Ҳасани Руҳонӣ 5 давра намояндаи парлумон, 16 сол дабири шӯрои олии амнияти миллӣ ва 2 сол раҳбари музокироти ҳастаӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |