Манъи фурӯши маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд дар Душанбе
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе фурӯши маҳсулоти ширии чанде аз ширкатҳои Хуҷанд дар мағозаҳои пойтахтро манъ кардааст.
Абдулманнон Ҳабибов, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, маҳсулоти Порсои Хуҷанд, Файзи Расул, Шоҳшир, Комбинати шири Хуҷанд, Арал ва Correct ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд ва то замони ислоҳи камбудҳо фурӯшашон муваққатан мамнуъст. Ӯ афзудааст, як шахси мустақил буда, ду моҳи пеш ба ин мақом омад ва фақат баъд аз санҷиш чунин тасмим гирифтааст.
“Агар чунин камбудҳоро дар кори Комбинати шири Душанбе низ пайдо кунем, манъ хоҳем кард”,-илова намудааст ӯ. Ҳабибов гуфтааст, бояд тамоми маҳсулоти ширӣ аз Хуҷанд ба Душанбе тавассути мошинҳои махсус оварда шаванд, ки ин қоида аз сӯи истеҳсолгарон риоя намегардад.
Ба қавли ӯ, бештари маҳсулоти ширӣ дар мошинҳои одӣ аз шимол ба пойтахт оварда мешаванд, ки бо гарм шудани ҳаво бекор гардида, саломатии сокинонро таҳти хатар қарор медиҳанд.
Хабарнигори “Озодагон” баъд аз зуҳри 12 май аз фурӯшгоҳи “Файзи Расул”, ки дар наздикии Роҳи оҳани Тоҷикистон воқеъ аст, боздид кард. Ӯ мегӯяд, дар фурӯшгоҳ ягон навъи маҳсулоти ширӣ нест ва савдогарон гуфтаанд, ин ҳолат як ҳафта ба ин сӯ идома дорад. Тасмими манъи фурӯши маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд аз сӯи Хадамоти санитарии шаҳри Душанбе бо вокунишҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ гардидааст.
Бештари назарнависон мегӯянд, аз маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд истифода мекарданд ва сифаташон нисбат ба он чизе, ки Абдулманнон Ҳабибов мегӯяд, беҳтар буд. Бо ин ҳол, то кунун раҳбарони корхонаҳои Хуҷанд дар ин замина изҳори назар накардаанд. Ду акси охир аз "Азия-Плюс"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |