Бахшҳо

Посухи Масрури Абдуллоҳ ба мухолифони Садриддин Айнӣ

Масрури АБДУЛЛОҲ

ОҒОЗИ БАҲС ИНҶОСТ

Дардовар аст, ки устод Садриддин Айнӣ дар байни мо тоҷикон мухолифону бадбинон дорад. Ин худ гувоҳ аз худношиносӣ, худбехабарӣ ва билохира худносипосии мост.

Иддае аз мо устод Айниро намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки шахсияти ӯро таҳқир мекунанд, ба мероси адабиву илмиаш камбинона нигоҳ мекунанд, нақши ӯро дар наҷоти миллии тоҷикон нодида мегиранд ва ба он баҳои нодурусту муғризона медиҳанд. Барои чунин муносибати худ ҳеч далелу асосу бурҳоне надоранд ва ин бадбинӣ аз муқтазои табиаташон бармеояд. Аз ҷумла, ӯро бе ҳеч гуна далелу асосу бурҳон ба ивази хат гунаҳкор мекунанд ва хоҳиш ё қувваи ақлоние надоранд, ки худ ин раванди мураккабро биёмӯзанд ва гумони ботили худро нисбат ба Айнӣ дигар кунанд, зеро шахсият ва осори ӯро чашми дидан надоранд.

ТАНҚИДИ МУҒРИЗОНА

Ин ҷо сухан сари танқид намеравад. Устод Айнӣ худ танқидро мепазируфт, агар он илмӣ ва асоснок бошад. Муҳаққиқони мунсиф, чи дар вақти зинда будани устод ва чи баъд аз фавти ӯ ба норасоиҳои осор ё мавқеи вай ишора кардаанд, сабабҳои пайдоиши онро гуфтаанд ва роҳҳои ислоҳашро нишон додаанд. Сухан сари интиқоди муғризона, бадбинона, бепояву беасос меравад. Рӯирост бояд гуфт, иддае мисли Асрор (боварӣ дорам иддаи камшумор, аммо дардовар он аст, ки бархе аз ин идда худро зиёӣ медонанд ва ҳатто даъвои насиҳатгарӣ ба миллат доранд) шахсияти устод Айнӣ ва осори ӯро бад мебинанд, қабул надоранд, мақоми ӯро ба мақоми бузургони дигар, аз ҷумла Сотим Улуғзода, ки худ аз мактаби Айнӣ бархостааст, муқобил мегузоранд ва аз худбехабарӣ ба ӯву осораш сангандозӣ мекунанд. Инро шояд намефаҳманд ва ё махсус мекунанд. Вале як нуктаро дақиқан дарк намекунанд, ки ҳар гуна сангандозӣ ин сангандозӣ ба худи мост ва мушаххасан ба худи сангандозанда аст. Зеро шахсияти устод Айнӣ чун гӯшту нохун ба ҳар фарди миллат пайванд аст, ҳатто ба бадбинонаш, чун хидмати устод Айнӣ намебуд, ин бадбинон имрӯз ҳатто имкони ба вай санг андохтанро намедоштанд.

"ДАРЁИ МУҲИТРО, КИ ПОК АСТ..."

Мухолифатҳои бадбинона нишонгари он ҳастанд, ки иддае чун миллати воҳид ташаккул ёфтани тоҷиконро намехоҳанд ва ба арзишҳои мафкураи миллӣ-давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол (аз ҷумла ба Қаҳрамонони миллӣ), ки ҳадафаш шакл додани худогоҳиву худшиносии миллист, зид мебошанд. Ба ин ё он баҳона ба пастзании шахсияту осораш даст мезананд. Ин дафъа вокуниши бадбинонаи Асрор (ва ӯ баринҳо) аз он сар зада, ки як нафар корманди расмии сафорати Тоҷикистон дар Эрон пешниҳоди номгузории кӯчаеро дар Теҳрон ба номи Айнӣ кардааст. Эрониҳо ин пешниҳодро чӣ гуна мепазиранд, ин кори онҳост, аммо пешниҳоди як тоҷикро дар мавриди Айнӣ тоҷики дигар инкор бикунад, пас, ин ҷо гап танҳо сари пешниҳод нест. Ин як баҳонаест, барои нишон додани бадбинӣ ва заҳрчаконии навбатӣ нисбати қаҳрамони миллату давлат, ки солҳои охир аз ҷониби гуруҳе мушоҳида мешавад.

Аммо мақсад аз навиштани ин матлаб даъвати бадбинон ба дӯст доштани устод Айнӣ нест, зеро ин кори бефоида аст, ҷаҳли мураккабро бо як-ду матлаб дигар кардан имкон надорад. Аслан банда ба матлабу вокунишҳои бадбинони устод Айнӣ, хоҳ шоири халқӣ бошаду хоҳ Асрор аҳамият намедиҳам, чун ба қавли Низомии бузург:

Дарёи муҳитро, ки пок аст,
Аз чирки даҳони саг чӣ бок аст!


БАҲСИ "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК"

Ман ин ҷо танҳо ба як нуктаи эроди ғаразноку дилсиёҳи Асрору тарафдоронаш посух доданиам, ки гуфтааст: “Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» баъд аз ду соли ташкилшавии Тоҷикистон, яъне аниқтараш дар соли 1926 рӯи чоп омадааст. Албатта, агар соли 1923 нашр мешуд, гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст…” Чунин суханҳои бепоя аз бехабариву бесаводии Асрору вай баринҳост! Ҷанобон, охир аз чизе ки бехабареду намедонед, беҳтараш сукут варзед, то чун пистаи бемағз расво нашавед!

Касе нагуфтаасту нанавиштааст, ки «сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст». Вале агар гуфтаву навишта бошад ҳам, хато накардааст, зеро «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз сабабҳои пайдоиши Тоҷикистони мустақил (иттиҳодӣ) дар соли 1929 аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ташкилшавии Тоҷикистони худмухтор ва сипас иттиҳодӣ қабл аз ҳама натиҷаи муборизаҳои дастаҷамъии мардони муборизу худогоҳи тоҷики солҳои 20-уми асри гузашта аст, ки устод Айнӣ дар байни онҳо буд ва нақши идеологи миллии рақами якро, нақши пешвои маънавиро дошт. Устод Айнӣ шояд ягона ҷадиди собиқ буд, ки байни солҳои 1917-1923 ба сӯи пантуркизм майл накард, миллаташро иваз нанамуд ва дар сиёҳтарин марҳалаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамеша бо миллати худ буд. Ба ин хотир баъди ташкил шудани Тоҷикистони худмухтор ҳукумати навташкил маҳз ба Айнӣ супориш дод, ки чунин китобро нависад. Тазкиранависон дар солҳои бистум лак дар лак буданд, аммо барои Тоҷикистону тоҷикон на танҳо тазкираи соф адабӣ, балки тазкирае лозим буд, ки ба василаи он мавҷудияти халқи тоҷик собит гардад, ба пантуркизм зарба зада шавад ва барои ташкил кардани Тоҷикистони мустақил (ҷумҳурии иттиҳодӣ) замина омода гардад. Чунин китобро он замон танҳо Айнӣ метавонист нависад, ба ин хотир муроҷиат ба Айнӣ бесабаб набуд. Бояд дар назар дошт, ки соли 1924 (ба таври воқеӣ соли 1925) Тоҷикистони худмухтор ташкил шуда буд ва душманони тоҷикон намехостанд, ки он ба ҷумҳурии мустақил табдил гардад. Душманони халқи тоҷик, ки як маротиба бо ташкил шудани Тоҷикистони худмухтор шикаст хӯрданд, тамоми қувваи худро ба он сарф намуданд, ки Тоҷикистон мустақил нашавад. Табдил ёфтани Тоҷикистони худмухтор ба Тоҷикистони иттиҳодӣ (соли 1929) муҳимтарин воқеаи таърихии миллати мост. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи охири қарни ХХ инро баръало собит сохт, ки дар натиҷа танҳо ҷамоҳири иттиҳодӣ соҳибистиқлол шуданд. Ҳама гуна кӯшишҳои истиқлоли давлатӣ пайдо кардани ҷумҳуриҳои худмухтор бераҳмона пешгириву пахш карда шуданду мешаванд. Ва агар Тоҷикистон дар ҳамон ҳолати худмухторӣ мемонд, имрӯз ба гумон аст. ки мо дар давлати соҳибистиқлол ба сар мебурдем.

ПАНТУРКИЗМ

Китоби «Намуна» – заминаи муътамаду бебаҳси идеологӣ гардид, барои муборизаҳои баъдина (яъне то соли 1929). Таъсири ғоявию сиёсии ин китоб барои ташкили Тоҷикистони мустақил аз шаклҳои дигари мубориза, аз ҷумла навиштани мактубҳо ба номи Сталин, бештар будааст. Агар ин тавр намебуд, пантуркистон тамоми нерӯи худро ба муқобили маҳз Айниву тазкирааш равона намекарданд ва баҳси он то ба худи Н.И. Бухарин намерафт, ки "Намуна"-ро расман маҳкум намуд ва билохира китобро мамнуъ эълон карданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳеҷ китобе мисли «Намуна» ба пантуркизм, махсусан шакли осиёимиёнагии он зарбаи ҷонкоҳ назадааст. Пантуркизм душманони қавӣ дошту дорад, дар мисоли русҳову арманҳову булғорҳову юнониҳо…, аммо ин мубориза ҳамеша чун муборизаи насрониҳо бо мусалмонҳо талаққӣ дода мешуду мешавад. Мафкураи пантуркизм моҳирона аз арзишҳои исломӣ истифода мекард ва таҳти шиори асосгузори он Зиё Гёк Алп «туркигароӣ, исломигароӣ ва муосиргароӣ» амал мекард. Ин аст, ки дар чашми насрониҳо он ҳамчун мафкураи мусалмонҳо ҷилвагар мегардид. Маҳз ҳамин ҷанбаи пантуркизм, яъне моҳирона аз ислом истифода кардани он, равшанфикрони бухороӣ – ҷадидонро ба доми худ кашида буд, чун аҳли Бухорову (ба маънии васеаш, аҳли Аморати Бухоро ва умуман кулли тоҷикони Осиёи Марказӣ) дини ислом мисли гӯшту нохун пайванд буданду ҳастанд. Аммо дар асл пантуркизм бо ислому мусалмонӣ рабте надорад, он як мафкураи оштинопазири миллатгароиву нажодпарастӣ аст, ки метавонад ба худ шаклҳои гуногун бигирад. «Намуна» аввалин зарбаи ғайричашмдоште буд аз ҷониби як нафар зиёии мусалмон ба пантуркизм, ки мубаллиғони онро девона кард ва онҳо девонавор ба Айниву тазкирааш, ки амалан дар он солҳо нақши китоби идеологии тоҷиконро дошт (чунонки солҳои аз солҳои 70-уми қарни гузашта ин нақш ба дӯши китоби «Тоҷикон» вогузор шуд) дарафтоданд.

Аз суханони Асрори муғриз маълум аст, ки вай «Намуна»- ро эътироф надорад, чун соли 1926 баъд аз ду соли ташкилшавии Тоҷикистон интишор шудааст. ӯ гуфтанист, ки агар қабл аз ташкил шудани Тоҷикистон ин китоб рӯи кор меомад «гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст». ӯ гуфтанист, ки аз соли 1924-1925 ҳама ғаюру муборизу тоҷикпараст шуданд солҳои 1917-1923 куҷо буданд?!

ҶАДИДИЯ

Дар боло гуфтем, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон натиҷаи пайкорҳои дастаҷамъӣ аст. Ҳамчунин зикр намудем, ки ҳукумати навташкили Тоҷикистони худмухтор ба хулосае омад, ки барои тоҷикон китоби ҷомеи идеологие лозим аст, ки ба василаи мероси адабиву фарҳангии дар сарзамини Мовароуннаҳр бавуҷудомада ҳастии тоҷиконро исбот намояд ва ҳаққи онҳоро ба ин мероси беш аз ҳазорсола таъйид намояд. Китобе, ки аз як ҷониб ба душманони халқи тоҷик зарба занад ва аз ҷониби дигар ба боло рафтани худогоҳии миллии тоҷикони он солҳо, махсусан ҷавонон мусоидат намояд. Халқи тоҷик то он замон чунин як китобе надошт, ки аз тариқи он худогоҳу худшинос бишавад. Ҷадидия ҳамчун як мафкура ва ҷунбиши маорифпарварӣ баъди инқилобҳои соли 1917 ва 1920 на ба самти андешаи миллии тоҷикӣ, балки ағлаб ба самти пантуркизм рушд намуд. Бисёр аз ҷадидон пантуркист шуданд, бархе дигар ба кунҷи узлат нишастанд ва аз равандҳои иҷтимоӣ худро канор гирифтанд. Шакл нагирифтани чунин андешаи миллӣ ба пантуркистон роҳи васеъ боз кард ва онҳо дар ҳукумати вақти Бухорову Туркистон ҳукмрон гардида, ҳама соҳаҳоро ба дасти худ гирифтанд. Ва чунонки зикр намудем, аз ҷадидони собиқ танҳо Айнӣ буд, ки пантуркизмро напазируфт, ба кунҷи узлат нишаста, худро аз равандҳои иҷтимоӣ канор нагирифт, балки бо ҳар роҳ кӯшиш мекард андешаи миллии тоҷикиро шакл бидиҳад.

Дар сиёсати амалии нимаи авали солҳои 20-уми қарни гузашта пантуркизм дар шаклҳои гуногун амалӣ мешуд. Аз ҷумла матбуоти тоҷикӣ куллан мамнуъ гардид ва аз 8 декабри соли 1921 то 24 августи соли 1924 дар Осиёи Миёна матбуоти тоҷикӣ вуҷуд надошт. Ба қавли устод Айнӣ ин даврае буд, ки халқи тоҷик гӯё забон надошт, чунки рӯзнома надошт. Пантуркистон бошанд танҳо байни солҳои 1917-1918 дорои 8 рӯзномаи ҳаррӯзаву ҳафтаина буданд, мисли «Турк эли», «Турон», «Улуғ Туркистон», «Туркистон» ва ғайра.

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ УЗБАКӢ

Бузургиву тоҷикпарастии Айнӣ дар он зоҳир мешавад, ки дар ин давраи «сукути миллӣ» вай сукут наварзид. Ба Асрору тарафдоронаш маълум бод, ки устод Айнӣ ҳамеша дар фикру зикри сарнавишти миллати тоҷик будааст ва на танҳо баъди ташкили Тоҷикистон, балки қабл аз ташкили Тоҷикистон. Дар шароите, ки тоҷикпарастон ё ҷонибдорони андешаи миллии тоҷикӣ он имконотеро, ки пантуркистон доро буданд, надоштанд Айнӣ ба қадри имкону тавоноӣ ба андешаи миллии тоҷикӣ замина мегузошт. Аз ҷумла дар давраи ҳамкорӣ бо нашрияи «Шуълаи инқилоб», тибқи шумориши муҳаққиқон «ғайр аз шеърҳо 93 мақола, очерк ва маводдҳои тарҷумавӣ чоп кардааст». Ин матлабҳо серҷанбаву гуногунпаҳлу ҳастанд ва яке аз ҷанбаҳои он даъвати тоҷикон (форсиён) ба худогоҳиву худшиносии миллӣ буд: «...бадбахтона, мо форсиён (таваҷҷуҳ кунед, устод мегӯяд «мо форсиён», дар даврае, ки бисёриҳо аз «мо форсиён» ё мо тоҷикон гуфтан рӯ гардонда буданд)» ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем... («Танвири афкор», с. 1919). Маҳз дар ҳамин давра вай чунин асарҳои худ ба монанди «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (1918) ва «Ҷаллодони Бухоро»-ро (1920) ба забони модарии худ навишт, ҳарчанд дигарон аз навиштан ба тоҷикӣ парҳез мекарданд.

Устод Айнӣ ба забони узбакӣ низ менавишт, дар матбуоти узбакӣ низ фаъол буд. Аммо вай дар шароите, ки матбуоти тоҷикӣ мавҷуд набуд, ин забонро барои манфиатҳои миллии тоҷикон истифода кардааст. 15 ноябри соли 1923 дар рӯзномаи узбакии «Зарафшон» устод Айнӣ мақолае чоп кунонд таҳти унвони «Дар Самарқанд нашри маориф», ки дар он аз ҷумла омадааст: «бахши асосии аҳолии Самарқандро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ба онҳо ба забони форсӣ алифбо ва китоби хониш лозим аст». Дар «солҳои сукут», солҳои диктатураи пантуркистӣ ин аввалин даъвате буд дар мавриди ҳуқуқи миллии тоҷикон. 30 декабри соли 1923 устод Айнӣ дар ҳамин рӯзнома мақолаи барномавие ба нашр расонд бо номи «Масъалаи тоҷикон», ки дар он бори нахуст пояҳои андешаи миллии тоҷикон, то ташкил шудани Тоҷикистони худмухтор, матраҳ гардидааст (матни мақолаи мазкур дар тарҷумаи тоҷикии нависандаи ин сатрҳо соли 1995 дар маҷаллаи «Адаб», № 3-6 чоп шудааст).

ИҚТИБОС АЗ БОЗОР СОБИР

Бузургии Айнӣ ҳам дар ҳамин аст. Замоне ки дигарон хомӯш ва ё нимхомӯш буданд, вай бо забони ғайр масъалаҳои миллии тоҷиконро матраҳ кардааст. Ба ибораи дигар устод Айнӣ то ташкили шудани Тоҷикистони худмухтор заминаҳои ғоявии рушди миллии тоҷиконро гузоштааст. Ба ин хотир табиист, ки маҳз ба ӯ таълифи чунин китоберо супориданд, чун маҳз ӯ заминаҳои ғоявиро, ки худ ва пайравони камшумораш гузошта буданд, метавонист боз ҳам инкишоф бидиҳад. Айнӣ сарбаландона аз уҳдаи ин кор баромад ва «Намуна» ба қавли русҳо «эффект разорвавшейся бомбы» гардид. Ба пантуркистон зарба зад ва худогоҳии миллии тоҷиконро боло бурд. Оқибат душманон ғалаба карданд ва китобро манъ намуданд, аммо он ба ҳадафаш расид – Тоҷикистони иттиҳодӣ ташкил гардид. Баъди ташкили Тоҷикистони иттиҳодӣ солҳои 30-юм ва то дами маргаш бо таълифи дигар осори адабиётшиносӣ, ки бештар ба мақолаҳои пурҳиссиёти публитсистӣ шабоҳат доранд, боз ҳам андеша ва худогоҳии миллии тоҷикиро рушд дод.

Соли 2011 ба устод Бозор Собир журналистони рӯзномаи «Миллат» суоле дода буданд: «Хуб, аз Шумо бипурсем, ба андешаи Шумо устод Айнӣ кӣ буд ва ӯ чӣ мақоме дар таърихи миллати тоҷик дорад?». Ӯ ҷавоб дод: “Садриддин Айнӣ забардасттарин тоҷик аст. Агар тоҷик шахсияте дошта бошад, он бешак Айнӣ аст. Айнӣ шахсияти рақами 1-и сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон аст. То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем, ё форс, ё хуросонӣ. Ин калимаро Айнӣ дар даҳони мо гузошт. Ӯ ба мо талқин кард, ки мо тоҷикем ва дар зери ҳамин калима бояд муттаҳид шавем. Ва мо адабиёти тоҷик чист, намедонистем. Ӯ барои мо «Намунаи адабиёт» навишт. Ӯ барои мо бо забони рехтаву суфтаву содаи тоҷикӣ навишт, ӯ дар бораи қаҳрамонҳои халқи тоҷик китоб навишт. Ҳудуди миллиамонро ӯ бароямон гуфт. Мо то Айнӣ намедонистем, ки Самарқанду Бухоро шаҳрҳои аслии мо тоҷикон, гаҳвораи шеъру тамаддуни мо ҳастанд. ӯ инро ба мо гуфт. Шахсиятҳои фарҳангии мо аз Айнӣ шурӯъ мешаванд. Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода ва Ғафуров. Дар сари ин шахсиятҳо камтар баҳс кунем, беҳтар аст».

ПАС, ФАРҚ МИЁНИ МОВУ ОНҲО ЧИСТ?

Ин суханони шоири забардасти мо ҳама асоси таърихӣ доранд, ки бархе аз онҳоро дар ин матлаб ёдовар шудем. Ба онҳое, ки аз мавқеи имрӯзаи Бозор Собир норозианд ёдрас менамоем, ки вай ин суханонро аввали соли 2011 гуфтааст, ки ҳанӯз ба таври доимӣ ба Тоҷикистон наомада буд.

Миллати тоҷик дар эҳёи худ дар ибтидои қарни ХХ мадюни (қарздори) устод Айнист. Барои аксари кулли афроди миллат ин ҳақиқати бебаҳс аст. Аз масъулони нашрияҳои мустақил ва гурӯҳҳои мухталифи фейсбукӣ хоҳиши банда ин аст, ки василаи пахши ақидаҳои муғризона роҷеъ ба шахсият ва осори ӯ набошанд ва ба бадбинони устод Айнӣ минбар надиҳанд. Ҳар гуна вокунишҳои бадбинона нисбати Айниро аз сайтҳои интернетии худ ҳазф намоянд. Айнӣ барҳақ Қаҳрамони миллӣ аст, қаҳрамони давлатдории навини тоҷикон аст ва мо тоҷикон роҷеъ ба вай танҳо бояд тавсифӣ сухан гӯем ва нависем. Мо ҳаққи интиқоди ӯро надорем! Бе ин ҳам аз аҳли ғайр душманони ӯ зиёданд, ба хотир оред он филми ҳуҷҷатии РТР-ро роҷеъ ба Темурланг, ки устод Айнӣ таҳқир шудааст, ба ёд оред хатари баста шудани музеи устодро дар Самарқанд... Ва агар мо, соҳибони мероси устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ ин гуна рафтор кунем, ба хидматҳои қаҳрамонона ва осори безаволи ӯ бо назари шубҳа нигарем - пас фарқ миёни тоҷику душмани тоҷик дар чист?!
Мӯҳр
Барои маколаи пурмазмун миннатдорам. Зинда бод Айнии Бузург.

Айни
Гапи бисёр - як харро бор.

Darvesh
Holo inho namedonand ki hurufi niyokoni moro ki az bayn burd!!!!

Айнидон
Руҳи Айнӣ шод бошад, аммо ҳуруфи ниёгони моро аз байн бурд, ки ин нобахшиданист.

99
Тоҷика "тоҷик" мекушт ва мекушад!!!
Ана ҳамин гуна "тоҷикон"-и ба мисли Асрор, ҳазорсолаҳо тоҷиккушӣ кардаанд, ки моро ба ин рӯз оварда расонидаанд!!! Афсус, ки онҳо имрӯз ҳам кам нашудаанд, ки аксарияташ мехоҳанд ғуломи рус ё зери ягон миллати дигар бошанд! Инҳоро ман душмани асосии миллатам медонам!
Устод, Масрури Абдуллоҳ, Илоҳо хайр бинед! Шумо на фақат, арвоҳи Айнии бузургро шод кардед, балки он одамонеро, ки дар асл ТОҶИКанд хурсанд кардед ва рӯҳи тоза бахшидед!

Ахсан ва ташаккур ба муаллиф! Айни вокеан бузург аст, кахрамони камназир. Мо интернетшинон бошем мисли кайкхои беном, ки филро газида аз худ фахр мекунем.
Бадии интернет дар он аст, ки ба ахмакон имкон дод баробари донишмандон гап зананд.

Дар ҳамон вақт ҳам пул роли асосиро мебозид. Агар Абдулқодир Муҳиддинов намебуд, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон давлати алоҳида намегардид. Ӯ ҚАҲРАМОНИ рақами 1 аст. Дигар ҳеҷ кас ёрои ин корри бузургро анҷом доданро надошт. На С. Айнӣ, на Н. Махсум на дигарон. Ӯ буд, ки Н. Махсумро то Маскав бурд, то бо И. Сталин ҳамсӯҳбат шавад. Устод Айнӣ ҳамту бо китабаш(Намунаи адабиёти Тоҷик) ба худ шуҳрат дод ва ба ин васила мо ҳоло фикр мекунем, ки кори асосиро ӯ кардааст. Дигар нависандагон низ, ки Айниро бузург мешумонанд, дуруст аст, вале дар масъалаи миллӣ не. Танҳо масъалаи Фарҳангӣ ва забон. Дар масъалаи миллии Тоқикон дар асри 20 танҳо саҳми Абдулкодир Муҳиддинов чун ташкилкунандаи мубориза зиди пантуркистон нақши бориз ва ҳалкунанда дорад. Азбаски эшон мисли устод Айнӣ машғулияти эҷодӣ надошт, шуҳратманд нагардид. Аз ин рӯ дар мафкураи нависандагону шоирон то ин дам хуб нақш набастааст. Ҳар нависанда ва умуман ҳар эҷҳдкоре, ки ба саҳнаи илму адаб роҳ меёбад, маҷбур аст, устод Айниро дар масъалаи муборизаҳои зиди пантуркистӣ дар ҷойи аввал бигузорад. Ҳолон ки дар он давр на маҳсули эҷодие чун китобиҳи устод Айнӣ, балки боз ҳам пулдории Абдулқодир Муҳиддинов роли асосиро мебозид. Яъне ӯ моро соҳиби давлат кардааст. Агар ҳазор Айнии донишманди бепул медоштему ягон Абдулқодири миллионер ҳеҷ гоҳ имрӯз Тоҷикистон давлати ман гуфта намефахридем. Ҳам пул лозим буду ҳам дониши сиёсӣ ва худшиносӣ. Абдулқодири Муҳиддинов ин ҳардуро дошт. Аммо устод Айнӣ танҳо эҷодкор буду нависанда.

Рахмаатшо
хуруфи ниёгонро дуст дори омухтан гир ! ки пеши рохатро гирифтааст! афгонхо аз хамин хуруф истифода мекунанд аммо бубинед навад фоизашон аз мактубу маориф дуранду хуруфашонро намедонанд.мухим нест ки гурба чи ранг дорад мухим ин ки гурба мушро дорад, яъне мухим мо илм омузем чи фарк дорад бо кадом забону бо кадом харф илм меомузем...Darvesh,

Парвиз
Айни дар рушди адабиёт ва фарханги точик ва ташкилшавии чумхурии Точикистон вокеан сахми калон гузоштааст. Хати форсиро дар Точикистон ва дигар чумхурихои мусулмони хукумати шурави бархам дод ва пеши рохи ин корро на Айни ва на каси дигар гирифта наметавонист.

ККК
Сабаби якдигарро бад дидани точикон ин махалгароист. Чаро ман шахсе аз дигар махалро хурмат кунам, вакте медонам ки у душмани сиеси ва хаетии ман аст? Росташро гуям ман танхо авлоди худамро эътироф мекунам. Бокимонда точикон барои ман душмананд. Ва ин хакикат аст. Аз бегонахо дар хаетам гайр аз зарар чизе надидаам. Доимо кушиш мекунанд, ки лукмаи нонамро аз даханам канда гиранд.

Хочи
Айни,Чамъ шуда г...хи Айниро хурдан гиред, худо нишонатон медихад. Вай хам мулло буд.хам дехкон буд. хам олим буд ва хам ТОЧИК буд,ки шумо ягонтои ин сифатхоро надоред!

Ин садридин айни коре.ки кард нобахшидани хаст хамин буд ки мо аз харфхои форси ба точки гузаштем

Сарбадорон
Сад Ташаккур ба Масрури Абдуллоҳ ва миллиион тонна Шакатури "Точик- Семент" ба забони душманони миллати Точик.
Устод Аини: Падари миллати мо Точикон. Устод ШАХОДАТНОМАИ миллатро навист ва дар Кремл регистратсия кард, ба мисли Падаре, ки бори аввал барои фарзандаш МЕТРИКА мегирад. Дар он вакту замон, дар байни дигар миллатхои Шурави Регистратсия осон набуд. Номи Миллати Точикро зинда кард ва Зиндаву Човид боки хохад монд.

Илхом
Дуруст аст, ки Интернет майдони бахси солим нест. Шахсияти Айниро мугризона мухокима кардан ахмакист. Мисоли он аст, ки ба осмон туф карда истодаем, бехабар аз он ки руямон меафтад.... мутаассифона тоифае мисли зомби як гапи ким кадом ахмакро гирифта аробаи хушку холиро медавонанд.

Ҳамон хизмате ки Темурланг барои тоҷик карда буд аз "хизмат"-и Садриддин ифовуте надорад. Темур ҳам босавод буд, Улуғбек ҳам, Чингизхон, Гитлер - инҳо ҳам мисли Садриддин донишманд будан. Фақат донишмандӣ хизмат ба миллат нест. Хизмати Садриддин - душманӣ ба "Тоҷик" аст. Дуруст, асарҳои Айнӣ хубанд. Лекин барои тоҷик на фақат аз ҳисоби алифбо, балки бисёр зарарҳои дигар низ расонидагӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)