Волгоград: Боздошти як шаҳрванди Узбакистон барои фурӯхтани фарзандаш
Дар Волгоград нисбат ба шаҳрванди Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба иттилои ca-news.org, ин хонуми 35-солаи Узбакистон дар талош барои фурӯши кӯдакаш муттаҳам мешавад. Гуфта мешавад, моҳи январи соли 2014 бо далели бад будани вазъи зиндагӣ ва пинҳон намудани ҳомиладорӣ аз наздикон, ин зан тасмим гирифтааст аз тифли дар бадан будааш раҳо шавад. 21 марти соли 2014 писар таваллуд намуда, баъди якуним моҳ “харидор” пайдо кардааст. Ин харидор корманди оперативии пулис будааст. 6 майи соли 2014 ҳангоми гирифтани 35 ҳазор рубли русӣ бар ивази кӯдак ӯро дастгир мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ин зан аз моҳи ноябри соли 2013 дар қаламрави вилояти Волгоград зиндагӣ дошта ва дар ҳеч куҷо кор намекардааст. Аз моҳи апрели соли равон ба ин сӯ дар Русия ғайриқонунӣ зиндагӣ доштааст. Акс аз ca-news.org
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |