Ғамгинии Зайд Саидов баъд аз дархости Мадвалӣ Исоев (ВИДЕО)
Мадвалӣ Исоев, айбдоркунандаи далатӣ, рӯзи 12 май аз Додгоҳи таҷдиди назар хостааст, 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири собиқи саноати Тоҷикистонро, ки моҳи декбари соли гузашта содир шуда буд, бидуни тағйир боқӣ гузорад.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ин бора сӯҳбат карда гуфт, намояндаи додситонӣ ҳукми нафари таҳти ҳимояташро “дар чаҳорчӯбаи қонун” дониста, шикояти хусусӣ ва кассатсионии ӯро беасос номидааст. Вай афзуд, “дар вақти баромад айбдоркунандаи давлатӣ ягон фикри худро оид ба ҷинояткор будани Зайд Саидов асоснок накард. Он шоҳидоне, ки дар марҳилаи аввали додгоҳӣ буданд ва ба тарафдории Зайд Саидов нишондод доданд, айбдоркунандаи давлатӣ аз ҳамонҳо ном гирифт. Он шоҳидон дар гузашта аз бегуноҳии Зайд Саидов сухан гуфта буданд. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, бо такя ба он нишондодҳо маълум карданд, ки ҷинояткории Зайд Саидов тасдиқи худро ёфтааст.”
Шӯҳрат Қудратов бо таваҷҷуҳ ба ин гуфт, шубҳа дорад, ки Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми, ба қавли ӯ, одилона содир намояд. “Дар таҷрибаи кории ман боре нашудааст, ки додгоҳ аз гуфтаҳои айбдоркунандаи давлатӣ берун барояд. Ба назарам, ҳамаи он айбе, ки аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ аст, додгоҳ кӯшиш мекунад комилан дастгирӣ кунад”,-таъкид дошт ӯ.
Шуҳрат Қудратов илова кард, зерҳимояаш хулосаи ниҳоии айбдоркунандаи давлатиро ноодилона ҳисобида, аз шунидани он ғамгин шудааст: “Чунки ягон асос барои муттаҳам кардани зерҳимояи мо дар парванда тасдиқи худро наёфт, вале айбдоркунандаи давлатӣ талаби бетағйир мондани ҳукмро кард.”
Ҳоло додгоҳи таҷдиди назар барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ ворид шудааст ва дар муддати то 10 рӯз хулосаи худро эълон хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |