Бахшҳо
12 май 2014 10:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сел садди муҳофизатии нерӯгоҳи Норакро канда, токзори ҳукуматиро вайрон кардааст

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулоддаи Тоҷикистон (КЧС) мегӯянд, рӯзҳои 10 ва 11 майи соли ҷорӣ дар пайи боришоти борон дар навоҳии кишвар селфароиҳои нав сабт шудаанд. Ба қавли манбаъ, дар натиҷа, садҳо хона, боғу киштзор ва пулу роҳҳо вайрон гаштаанд.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла селфароии шаби 10 ба 11 май дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди 400 хонаи сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва 100 гектар замини киштшударо вайрон кардааст. Манбаъ илова намуд, дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара низ беш аз 200 гектар боғу токзори қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон зарар дидааст.

Кумита, инчунин, мегӯяд, боришот боис шудааст, дар нерӯгоҳи Норак низ аз даромадгоҳи нақби мошингард то обанбор дар масофаи 40 метр лойқа пур шуда, дар натиҷа садди муҳофизатӣ канда шудааст: "Роҳи мошингарди НБО-и Бойғозӣ дар мавзеи Ғофилобод маҳкам ва қубури магистралӣ, ки аз маркази Норак ба берун мебарояд, хароб гаштааст."

Дар маҷмуъ, тибқи иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда, боришоти борону сел дар навоҳии Норак, Темурмалик, Данғара, Ваҳдат, Ёвон, Кӯлоб, Шӯрообод ва Рӯдакӣ чандин роҳу пул, қубуру симчӯбҳо ва киштзорҳоро вайрон кардааст ва феълан дар ҷойҳои ҳодиса комиссияҳои махсус фаъолят дорад.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки зимни селфароиҳои ахир талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Мӯҳр
Эксперт
То вакте як идда мансабдор аз Худо натарсанду газаби Худоро ки ба сабаби дуздиву горатгариву зулм бар сари миллат омада истодааст, офати табии гуянд ин селу боронгари чойхои зиёдеро вайрон мекунад, Худо панох дхад марудми бечораро! Лекин хамин гапро нафахмида: "дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара низ беш аз 200 гектар боғу токзори қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон зарар дидааст." Кароргохи хукумати Тояикистон дар Дангар чи кор мекунад ё хукуматро ба ончо кучониданианд??????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)