“Оё Шумо метавонед, ба чунин мақомот эътимод дошта бошед?”
Ҳумайрои БАХТИЁР
Назарсанҷиҳои ғайрирасмӣ маълум кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон ба мақомоти қудратӣ эътимод надоранд, ё танҳо гуруҳи маҳдуде бовар доранд. Чаро? Иллат дар чист?
Пӯшида нест, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон яке аз доғтарин масоили кишвар мебошад. Шаҳрвандон аз нақзи ҳуқуқ - маъюб шудани фарзандон ва фавти наздиконашон шикоят мекунанд.
Мақомот низ хомӯш нест! Ҳарфи худро мегӯяд. Эҳтимол ҳамин “хомӯш” набуданҳо эътимоди мардумро нисбат ба мақомот аз байн бурдааст.
Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вақте мушкиле барои мардум пеш меояд, ҳуқуқи инсон поймол мешавад, шаҳрвандон ба мақомоти қудратӣ муроҷиат мекунанд. Дар кишвари мо чӣ? Тавре ба назар мерасад, мардуми тоҷик фарзияҳои мақомотро қабул надоранду онро аз асли воқеа дур мешуморанд.
Дар воқеъ, шояд мушкилоти мардуми тоҷик дигаранд. Вақте як нафар дар қисми ҳарбӣ маъюб мешавад, дигаре ҳангоми адои хидмат ба Ватан ҷон медиҳад, саввумиро пою камар мешиканад. Аммо мақомоти Тоҷикистон чӣ гуфтанд?
Аз 8 март ба ин тараф исми Шаҳбол Мирзоев расонаӣ шуд. Ин сарбозе мебошад, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии кишвар мавриди латту кӯб қарор гирифта, маъюб гардид. Шаҳбол мегӯяд, аз дарди дандон ранҷ мекашид ва барои дармон ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ рафт. Аммо дар он ҷо ӯро фелдшер латту кӯб мекунад, ки дар натиҷа гарданаш мешиканад.
Аммо додситони қисми низомӣ дар гузориши худ гуфтааст, гардани Шаҳбол бар асари гуштигирӣ шикастааст...
Дар моҳи апрел хабари марги Акмал Давлатови 19-сола сарбози дигари тоҷик расонаӣ шуд. Аъзам Давлатов, падари Акмал дар як сӯҳбати худ гуфт, аз хулосаи тиббӣ дар мавриди марги писараш бовар надорад. Дар он хулосаи табибон гуфта шудааст, Акмал Давлатов дар пайи дар мондани нони хушк дар гулӯяш фавтидааст...
Баъд аз ин якбора хабари кушта шудани сарбози дигар аз қисми ҳарбии “6593” Хуршед Кенҷаев ба сархати расонаҳо баромад. Аммо намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, Хуршед Кенҷаев аз тири ҳамхидмати худ кушта шудааст...
Ду ҳафтаи пеш туъмаи хирс шудани се сокини ноҳияи шаҳри Ваҳдат дар Файзобод мақомотро “водор” кард, то боз ҳам як фарзияи ростмонанд бароранд. Дар ҳоле ки аксарият мегуфтанд, ин се нафар туъмаи хирс шудаанд, мақомот гуфт, онҳо аз кӯҳ сарозер шуда фавтидаанд.
Алӣ Орзуев аз бедарак шудани писараш Саймурод Орзуев, баъди пурсуҷӯ дар мақомоти пулис, шикоят мекунад. Пас аз чанде ҷасади Саймурод Орзуевро мақомот пайдо карда, мегӯянд, онҳо Саймуродро баъд аз пурсуҷӯ бо мошин ба манзилаш гусел кардаанд. Вале ӯ аз болои пул ё купрӯк афтода, ҷон бохтааст.
Ин ва ба ин монанд фарзияҳо кам нестанд, ки гумону шубҳаҳоро зиёд мекунанд. Шояд ин фарзияҳо барои гуруҳи манфиатдор мантиқӣ намоянд. Аммо нафароне пайдо мешаванд, ки ин ҳарфҳоро музахрафе беш намедонанд.
Инҷо пурсишҳое ба зеҳнам мерасанд:
Вақте шумо фарзанди худро ба қисми ҳарбӣ мефиристеду аз онҷо ё ҷасад ва ё ҷисми маъюби онро мегиред.
Вақте ҷасади шаҳрванде аз зиндон бо осори зиёди шиканҷа ба хонавода мерасад, аммо мақомот мегӯянд, ки ӯ худкушӣ кардааст.
Вақте дар кишвари низомаш демократӣ шаҳрвандон гум мешаванду мақомот дар пайдо намудани онҳо оҷизанд.
Вақте мақомот аз ободкории шахсе таъриф мекунаду охируламр ӯро ба муддати тӯлонӣ ба зиндон мефиристанд.
Вақте як гурӯҳ омили сулҳ буду баъдан мақомот онҳоро сарчашмаи хатар барои ахлоқу амнияти кишвар муаррифӣ мекунад.
Оё шумо метавонед ба чунин мақомот эътимод дошта бошед?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |