Фаъол шудани дурбинҳои назоратӣ: Аз Айнӣ то Ваҳдат
Масъулони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё ГАИ-и Тоҷикистон мегӯянд, дар хиёбонҳои Ҷаббор Расулов ва Исмоили Сомонии пойтахт низ дурбин (камера)-ҳои назоратиро фаъол кардаанд, ки тамоми қоидавайронкунии ронандагонро сабт ва барояшон ҷарима ҳисоб хоҳад кард. Қаблан, чунин дурбинҳо танҳо дар хиёбони марказии пойтахт фаъол буд.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули дафтари матбуоти БДА, ба “Озодагон” гуфт, феълан дар хиёбони Айнӣ (аз гардиши фурудгоҳ то дарвозаи шаҳри Ваҳдат) ҳам дурбинҳои назоратӣ ба кор оғоз карда, аммо ронандагонро ҷарима намекунад. “Дар ин қитъаи роҳ санҷиши камераҳои назоратӣ ҷараён дорад. Дар сурати пайдо нашудани ягон нуқсон расман ба фаъолият мепардозанд”,-афзуд Шамсов.
Марҳилаи аввали тарҳи “Шаҳри бехатар” ё низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе 31 октябри соли гузашта бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон --раисиҷумҳури Тоҷикистон расман ба кор шурӯъ намуд. Иҷрои ин тарҳ дар Душанбе 22 миллион доллар харҷ дорад, ки қарзи давлати Чин мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |