Кӯмаки Ашқобод барои осебдидагони Афғонистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар мавриди ирсоли кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар Афғонистон дастур додааст.
Тавре расонаҳои туркманӣ менависанд, ин кӯмаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ иборат буда, ба музофотҳои Ҷовузҷон ва Бадахшони давлати исломӣ фиристода мешавад.
Ёдовар мешавем, бар асари фаромадани ярч, ки баъд аз боронҳои сел ба вуқӯъ пайваст, дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, як қисми онҳо аз зери сангрезаву биноҳои харобшуда берун оварда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |