Рақобати Комроншоҳи Устопириён бо Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ
Комроншоҳи Устопириён, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо, силсилаи “Тоскулоҳи бузург”, бо Шералӣ Ҷӯраев -- варзишгари узбак вориди рақобат мешавад.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, ин қувваозмоӣ рӯзи 11 май дар шаҳри Боку – пойтахти Озарбойҷон сурат хоҳад гирифт. Ба иттилои манбаъ, нафари ғолибомада дар идома бо Шоҳин Қаҳрамонов, варзишгари озарӣ, ба сабқат мебарояд.
Бояд гуфт, дар ин мусобиқа, ки аз 9 то 11 май дар шаҳри Боку идома меёбад, дар вазни 90 кило 26 варзишгар вориди рақобат шуда, дар умум 350 нафар аз 40 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард. Сабқат дар он аз рӯи 14 вазн сурат мегирад. Варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ғолиб меоянд, соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 5 ҳазор доллар шуда, барои соҳибони медалҳои нуқраву биринҷӣ мувофиқан, 3 ва 1,5 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст.
“Тоскулоҳи бузург”, ки бонуфузтарин мусобиқа дар навъи варзиши дзюдост, дар давоми соли ҷорӣ бори дуюм аст, варзишгаронро ба рақобат даъват менамояд. Мусобиқаи аввали “Тоскулоҳи бузург” моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуда, дар он Устопириён дар вазни 90 кило иштирок ва бар рақиби аввали худ пирӯз шуда буд. Вале дар баромади дуюм аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб гардид.
Комроншоҳи 20-сола охирҳои соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия барои аввалин бор барандаи медали тилло гардида буд. Ӯ ба ҷуз гуштии кураш, дар соли 2013 ҳамчунин боз дар ду намуд – самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ сарфароз гашта, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар ҳамин ришта дар вазни то 90 кг барандаи медали нуқра гардид, инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон ғолиб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |