Бахшҳо

Видеои нави “облава”... Кӣ дастури раисиҷумҳурро нодида мегирад?

Рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар шабакаи Ютуб навори видеоие роҳ ёфт, ки аз “облава” шудани як ҷавони тоҷик аз сӯи афроди либоси низомӣ дошта хабар медиҳад. Дар ин навор дида мешавад, чи тавр ин нафарон, ки ба эҳтимоли зиёд кормандони яке аз комисариатҳои ҳарбии кишваранд, сарбози ояндаи Қушунҳои мусаллаҳи кишвар ё худ ҳомиёни ватанро ба таври маҷбурӣ бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ мисли ҷинояткор боздошт ва ба мошини “Старекс” савор мекунанд.

Аз сӯи дигар, саҳифаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ низ дар робита навори видеоии дигареро пахш кардааст. Ин навор, ки аз сӯи як хонанда бо номи Фарҳод фиристода шудааст, намоиш медиҳад, чи гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ бо либоси мулкӣ вориди хонаи сокинон шуда, барои “базӯрӣ” бурдани фарзандони онҳо талош доранд. Барои бори нахуст нест, дар ҷараёни даъвати баҳории ҷавонони тоҷик ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳолатҳои “облава” мушоҳида мешавад. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран батакрор барои аз байн бурдани "облава" таъкид карда, ҳатто дар робита ба манъи роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дастур дода ва барои иҷрои ин дастури худ комиссияи даъват ҳам ташкил карда буд.

Аммо мушоҳида мешавад, ин дастури раисиҷумҳури кишвар аз сӯи масъулини комисариатҳои ҳарбӣ нодида гирифта мешавад. Ахиран расонаҳои хабарӣ низ аз маъюб шудани ҷавони тоҷик дар пайи облава дар шимоли кишвар хабар дода буданд. Ба иттилои манобеи хабарӣ, “ташхиси пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд рӯшан кардааст, ду устухони сутунмӯҳраи Хушнуд Исомиддинови 23-сола, ҳини фирор аз «облава» ва уфтодан аз ошёнаи чаҳорум, шикастааст.”

ТАВАҶҶУҲ! ДАР ИН ВИДЕО ЧАНД АЛФОЗИ ҚАБЕҲ ИСТИФОДА ШУДААСТ. МО ТАНҲО БА ХОТИРИ РӮШАН КАРДАНИ ВАЗЪ ОНРО НАШР КАРДЕМ




Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои ҳудуди 80 дарсади нақшаи баҳории давъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар хабар медиҳад. Тавре масъулони ин иниҳод гуфтанд, дар давоми 25 рӯзи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар иҷрои нақшаи мазкур комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Куҳистони Бадахшон фаъол мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, “беш аз 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 6 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ ба пуррагӣ аз иҷрои нақша баромаданд.” Масъулини Вазорати дифоъ иброз медоранд, ноҳияи Носири Хусрав ва Мурғоб аввалин шуда аз иҷрои нақша хабар дода дар вилояти Суғд 54%, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 73% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт беш аз 60 дарсад нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардидааст.
Мӯҳр
Вой аз дасти инхо, бовар кунед номуси точикиро фурухтнд. Тарих гувох аст ба миллати точик ин беномусиву тахкирро на магнитихо ва на русхо ба мисле ки моро имруз мекунанд накарда буд
На дар ватан хол дорем на дар гариби, Вой дод бовар кунед хаммилатон аз точик буданам шармам меояд
ОЗОДИИИИИИ АДОЛАТ КУЧОИ

janob dar televizor 5 6 soat hamay kanalora megira gap mezana mega mega mega dar amal akalan yaktasha ijro nameknan ba guftani xoli kor pesh nameravad

Саманд
Ачабо!!! шароитхои хубро мусоид куненд, бе аблава хам мераванд. на ин ки гардани наваскаронро шикаста баъд хамаатон кафо мезаненд.. Шарм доренд таърих ин корхои шуморо хеч вакт намебахшад

Қаҳрамон
Ман калон мешавам, гастербайтер мешавам,
Дар ватани бегонагон дарбадар мешавам,
Ватанам Руссия, ҷону танам Руссия

voenkomat fakat haki povestka burdana dorad xalos.se bor mebarad agar in javon naravad hujathoi javonro ba mufatish mesuporand.on tarafash kori mufatish ast.yo sud mekunad yo bolnichkajon.

Эй охир аз фарзандони худатон фикр намекунен,наход дар хоб амихел капида мачбуран ранги гусфандбарин бор карда баран охир вай одамаст на хайвон.Чаноби олли мо риштаи такдирамонро ба шумо додем ба шумо овози худро мондем ин чи аст.

Шукрона
бо ин хакоратой безебтон акун шумо шуден кормандони хифзи ватан! Хато гапи президентона гуш намекукнен!

Гариб бача
МАРХАМАТ ШУКРОНАИ ВАТАНУ ОБОДИВУ СУЛХУ ОРОМИ КУНЕН !!!

шахрванд
эй, вой додддддддддддддддддддд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)