“Узбекнаво”: Барои сабти суруди нав иҷоза бигиред
“Узбекнаво”, иттиҳоди сарояндаҳои эстрадаи Узбакистон овозхонҳоро муваззаф кардааст, аз ин баъд қабл аз сабти ҳар суруди нав иҷозат бигиранд.
“Узбекнаво” гуфтааст, ин тасмимро барои беҳтар намудани назорат барои таронаҳои босифат роҳандозӣ кардааст. Ба сифати таронаҳо комиссияи махсус таъсискардаи иттиҳодия баҳо хоҳад дод, ки дар ҳайати он бастакорон, шоирон ва овозхонҳои шинохта шомиланд.
Агар то ин вақт сарояндаҳо барои албоми худ иҷозатнома мегирифтанд, акнун барои ҳар тарона дар алоҳидагӣ бояд иҷозат бигиранд. “Узбекнаво” ҳамчунин ҷараёни консертҳоро назорат хоҳад кард, то сароянда танҳо сурудҳоеро иҷро кунад, ки барои он иҷозатнома гирифтааст. Таронаҳое, ки иҷозаи расмӣ надоранд дар телевизион ва радио низ пахш нахоҳанд шуд, менависад uznews.net.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |