Бахшҳо

Картошкадард ва таҷлили иди “нони дуюм” дар зодрӯзи вазир

Абдулазизи ВОСЕЪ

Тоҷикистон кишвари хабарбор аст. Ман ба андешаи онҳое, ки мегӯянд ҷумҳурии мо хабарсоз нест, мувофиқ буда наметавонам. Дар мо ҳар чизе ҳам ба осонӣ метавонад хабарсоз бошад. Ҳатто картошка.

Ҳоло қариб ҳама ва дар ҳама ҷо аз картошка мегӯянд: мансабдор ҳам, деҳқони оддӣ ҳам, ронанда ҳам, мусофиронаш ҳам. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам натавонист аз картошка нагӯяд. Дар ҷаласаи ҳукумат, ки 23 апрел бо иштироки раҳбарони вазорату шаҳру навоҳӣ баргузор шуд, сарвари давлат аз мақомот хост, барои гирифтани ҳосили бештари ин маҳсулот кундӣ накунанд.

Далели ин картошкадард якбора аз бозорҳо ғайб задани ин маҳсулоти кишоварзӣ аст. “Нони дуюм”-и тоҷикон якбора тухми анқо шуд ва ҳамаро нигарон кард. Нархаш ҳам якбора ҷаҳид. Он қадар ҷаҳид, ки “кайк аз бадани мардум парид”. Чунин ҷаҳишҳо одатан дар арафаи идҳо, махсусан идҳои мусалмонӣ, ки шукри Худо 98 дарсади мардуми кишварамон пайрави онанд, мушоҳида мешуд. Аммо бояд иқрор кунем, ки ҳатто он вақтҳо низ нархи картошка ба ин ҳад боло намерафт. Бештар меваҷоту донагӣ гарон мешуданд.

Ҳоло ба картошкаи мо чӣ шуд?

Охир дар ҷаласаи васеи ҳукумат (чанд моҳаки пеш) аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буданд. Кишоварзи№1-и Тоҷикистон он вақт мужда дод, ки супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Ин ҳам дар ҳоле ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна будааст.

Бо ин вуҷуд, Қосими Роҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон худро аз даст надода, иллати боло рафтани нарх ва кам шудани картошка дар бозорҳоро ба содироти он ба кишварҳои ҳамсоя вобаста донистааст. Кадомҳоянд кишварҳое, ки дилашон ба картошкаи Тоҷикистон гум мезанад ва ин картошка кай, бо чӣ ва чӣ гуна содирот шудааст? Саволест, ки ҷавоби онро танҳо вазири кишоварзӣ медонад, аммо ба гумон аст, назди мардум ҳисобот диҳад.

Агар картошка ҳам аз паи гӯшт “думро хода” кунад, чӣ мешавад? Картошкабирён (ба таъбири ҳозира фри) ва пюре акнун дар қатори ғизоҳои “шик” мақом мегиранд? Дарвоқеъ, як дӯстам бо шӯхӣ мегӯяд, агар пештарҳо дар ошхона “як табақча картошка дар болояш каме гӯшт” мефармуданд, акнун “як табақ гӯшт болояш каме картошка” фармоиш медиҳанд.

Вале Қосими Роҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Авеста” итминон дода, ки базудӣ ҳосили нави картошка рӯёнда мешавад ва нархи он дар бозорҳо дубора поин хоҳад омад. Мақоли “бузак-бузак” ёдатон омад? Аммо ҳама медонанд, ки дар Тоҷикистон ҳар нарх, ки қимат шуд, поин намеояд ё агар омад, ҷои аввалашро намегирад.

Дар Тоҷикистон харбуза ид дорад. Асал ҳам (ҳарчанд бо сабаби гаронии нархаш танҳо худи асалпарварон онро мехӯранд). Ҳоло дигар картошка ҳам исбот кард, ки бояд иди хосе дошта бошад.

Пешниҳод доштам, Иди картошка ҳамасола дар рӯзи мавлуди вазири кишоварзӣ таҷлил шавад!
Мӯҳр
Вали
Офарин пешниходи оличаноб!!!

Кишоварз
Ахсан Чони гап дар хамин аст, агар ман мебудам аз вазифаам дастне балки почаамро хам мекашидам!!!!!!!!!!!!!!!

Мюнхавзен
Яке аз омилхои асосие, ки мардум имрузхо аз хукумат дилсард шудаанду бовари надоранд махз ана хамин вазирону раисони бесалохият, дур аз халк ва руирост дуруггуии онхост чунон пустгафс шудаанд, ки на Президент ва на халкро Чашми ин тоифаро агар хоки гур сер накунад, дигар аз ягон пасти руй намегардонанд.

Бехтараш барои он ки номаш абади монад ва барои ояндагон дарси ибрат гардад уро аз хамин руз сар карда КАРТУШКА ном бурда шавад... Касе,ки тарафдор бошад овоз дихад...

Картошкашох
Аслан барои дуруг бояд ин вазир ба истеъфо равад.8 миллионро фиреб додаст . ИСТЕЪФО! ИСТЕЪФО!....

рвап
хахахааххаахахха

Сирдарё
даруни халтанда катушкахои покистони ку? катушкахои мачоио куп кулула ва бедору, зиёнаш не.

Мумин
Вазири кишоварзи номус дошта бошад бояд ба истеъфо равад. То кай мардумро фиреб медихед,чанобон.

сатор
худое - кай аз ин картошкавазирон халос мешуда бошем??

99
Ҳамаи ин идҳоро як тараф гузошта, беҳтараш ИДИ КАДУ ташкил кадан лозим

Сафир
о бародар иди кадуии чайби холиро намегуед!

Дирӯз дар бозори Шоҳмансур 1кг картошкаи ҳосили навро 8-сомонӣ дарёфтам. Мегӯянд, рӯзҳои аввал 12-сомонӣ буд. Агар вазъ беҳтар нагардад, мебинед, ки 1кг гӯшт базудӣ 100 сомонӣ мешавад. Тавре мегӯянд: "ХАРБУЗА АЗ ХАРБУЗА РАНГ МЕГИРАД". Ва каме нагузашта, дигар "харбузачаҳо" низ аз паси картошкаву гӯшт медаванд ва, бо ин ГИПЕРИНФЛЯТСИЯ сар мешавад. Ин аст хизмати кишоварзи №1 дар назди халқу Ватан.

Бехизб
Дар гарон шудани картошка сад фоиз ХНИТ гунахкор аст, хамаи картошкахоро ХНИТ-ихо харидаанд! )))))))))))))))))))))))))) Дар тв намоиш дихед ягон ХНИТ-иро ки чаро картошкахоро харида захира кардаасту нархи картошка дар кишвар боло рафтааст? ТВ-хои давлати барои чи хомушед???

5355
Кишоварзи раками якум ба чуз пулчамъкуни ва хушомадгуи дигар ба ягон масоил сарфахм намеравад. Охиста охиста бо бахонаи точик дар замин кор намекунад ва биёбоншави гуфта заминхои Точикистонро ба аждари замон ХИТОЙ бо доллар фурухта таксим мекунанд. Интизор бошед.

Бб
Хамин Руз иди картошка эьлон карда шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)