Ҷароҳати Фарзона аз тири як сарбози Вазорати дифоъ
Рӯзи ҳафтуми майи соли ҷорӣ дар пайи “машқҳои низомӣ” дар қисми ҳарбии 87740-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як сокини маҳаллӣ захмӣ шудааст.
Фарзона Гулиева, сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”-и ноҳияи мазкур, ки дар саҳро машғули кор будааст, аз қисмати рости гарданаш тир хӯрдааст. Ҳоло Фарзона дар беморхонаи ноҳия бистарист ва табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Бино ба иттилое, ки дастраси мо шуд, тир аз ҷисми Фарзона Гулиева берун оварда шудааст. Дар Вазорати дифоъ гуфтанд, аз қазия хабар надоранд, аммо таҳқиқ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |