Бахшҳо
08 май 2014 12:18Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД-и Қирғизистон шарҳ дод, ВКД-и Тоҷикистон: “Маълумот надорем”

Дар ҳоле ки ҷониби Қирғизистон бо нашри даҳҳо иттилоъ ва чопи рӯйхати ҷароҳбатбардоштагон муноқишаи шаби гузашта дар марз бо Исфараро ба нафъи худ пӯшиш медиҳад, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳи расмии ин қазияро нагуфтаанд.

Аз ҷумла, тамоси мо бо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои дарёфти иттилои расмӣ дар бораи муноқишаи сокинони Исфараю Бодканд бенатиҷа буд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, то ҳол маълумоте дастраси онҳо нашудааст ва аз ин рӯ наметавонад чизе бигӯяд.

Мусоҳиби мо ҳатто дар мавриди он ки чанд нафар аз сокинони Исфара захм бардошта, ҳоло бистариянд, низ изҳори беиттилоӣ кард. Ин дар ҳолест, субҳи 8 май Вазорати умури дохилии Қирғизистон бо нашри баёнияи расмӣ ҳодисаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, муноқишаи тоҷикҳову қирғизҳо дар роҳи Ворух-Исфара, ки аз тариқи Оқсой, Куктош ва Орто-Боз мегузарад, бо сангпартоӣ аз ду ҷониб оғоз ёфтааст.

ВКД-и Қирғизистон, инчунин, рӯйхати даҳ нафар аз сокинони Бодкандро, ки дар ин муноқиша захм бардошта, бистариянд, низ нашр кардааст. Масъулони умури дохилии кишвари ҳамсоя гуфтаанд, ду тан аз сокинонашон аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштаанд, ки базудӣ онҳоро мушаххас хоҳанд кард.

Бо ин ҳама, ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст. Танҳо чизе, ки расонаҳои кишвар дар ин замина ба нашр расонданд, иттилоест, ки аз тарафи сокинон ва бархе аз масъулони деҳаҳои ҷамоати Ворухи Исфара дастрас шудааст. Бино ба иттилои онҳо, дар муноқишаи шаби гузашта даҳҳо сокини Исфара ҷароҳат бардошта, бархеи онҳо дар бемористон қарор доранд. Онҳо мегӯянд, санги зиёди ҷамъовардаи ҳамсоя баёнгари он буд, ки ҷониби кишвари ҳамсоя аз қабл барои ин муноқиша омода дидааст.


Дар акс: Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Мӯҳр
Точик
Ин милисаи Точикистон бар сари мардуми точики бечораи худ зури мекунад, кай парвои маргу мири дигарон доранд, худашон дар Дубаю Имороту ким кадом лабхои бахр бо милионхо доллар хонаву каср харидаанду рузе ки зурашон омад гурехта мераванд миллат гадову бечора мемонад.

Cалом и дар расум вазири ВКД-и Кигизистонай ё ай ВКД-и Точикистон мухтарам журналист )).......??

ФАРЗОД
Салохиддин,
НЕКИ САЛОҲУДДИН НУКТАСАНҶУ НУКТАБИН БУДАЙ ГАП НЕСТ.
ДАЛЕЛИ АСОСИИ СУҚУТИ ИМПЕРИЯИ СОМОНИЁНРО АГАР ДОНЕД МЕТАВОНЕД БА ОЯНДА (Ё СУҚУТИ) ДАВЛАТИ ҶАВОНУ 23 СОЛАИ ТОҶИКИСТОН ПАЙ БАРЕД!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)