Қарзи “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда 2” ба $28 миллион расидааст
Масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” иддао доранд, ки ҳаҷми қарзи ширкати Барқи тоҷик аз онҳо ба 28 миллион доллар расидааст.
Дар ин бора хабаргузории ИРНА-и Эрон такя ба масъулини неругоҳи мазкур хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, нерӯгоҳи “Сангтӯда 2”, ки ҳоло як чархаи он фаъол аст, то кунун як миллион киловат соат нерӯи барқ содир кардааст.
Ин расонаи эронӣ инчунин афзудааст, ширкати Барқи тоҷик, ягона ниҳоди идоракунандаи барқ дар Тоҷикистон, аз масъулини неругоҳи “Сангтуда 1”, марбут ба Русия низ 1 миллион доллар қарздор мебошад.
Нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” яке аз тарҳҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар ҷануби кишвар бо 180 миллион доллар саҳми Теҳрон ва 40 миллион доллари худи Душанбе бо усули “биотӣ” сохта шудааст. Тибқи ин усул нерӯгоҳ давоми 12,5 сол дар ихтиёри Эрон хоҳад буд ва баъд аз гирифтани хароҷоташ онро ба Тоҷикистон месупорад.
Интизор мерафт, баҳори соли 2013 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешини Эрон чархаи 2-юми неругоҳи “Сангтӯда 2” ба фаъолият дароварда шавад. Аммо бо сабабҳои номаълум ҳам сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳам ин чорабинии ифтитоҳия ба таъхир андохта шуд. Баъдан, замони ба курсии раёсат нишастани Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури вақти Эрон, гуфта мешуд, сафари ӯ ибтидои моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон анҷом ёфта, дар ҷараёни он чархаи дюми “Сангтӯда 2” ба фаъолият шуруъ кунад. Вале ин бор низ сафари раисиҷумҳури вақти Эрон ба Душанбе боз бо сабабҳои номаълум сурат нагирифт ва чархаи нерӯгоҳи мазкур низ фаъол нагардида монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |