Тоҷикистон ҳар сол нуҳуми майро ба унвони Иди Ғалаба ҷашн мегирад ва дар тақвимҳо ин рӯз бо хатти қирмиз ё сурх нишон дода шудааст. Имсол мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бахшида ба Иди Ғалаба парад ё гашти низомӣ баргузор нахоҳанд кард. Хабарнигори “Озодагон”, Нилуфари Карим, дар кӯчаҳои Душанбе аз наврасону ҷавонон пурсид, дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё ҷанги дувуми ҷаҳонӣ чӣ медонанд?