Бахшҳо

Хотираҳои Давлати Даврон дар бораи Лоиқ Шералӣ

То кунун дар бораи Лоиқ Шералӣ, шоири зиндаёди тоҷик, даҳҳо китобу садҳо мақола ва ёднома навиштаанд. “Озодагон” ин бор хотираҳои Давлати Давронро, ки бо Лоиқ Шералӣ ҳамдарсу буду бори аввал рӯи коғаз овардааст, пешкаши Шумо мекунад.


Давлати ДАВРОН

Дар бораи Лоиқ, Лоиқи давру замон, Лоиқи шоир, инсони ба маънои томаш инсон навиштаанду боз бисёр – бисёр хоҳанд навишт. Ман, ки бо ӯ ҳамсинф, ҳамкор, ҳамсоя, ҳамрозу ҳамдил будаму ҳастам, танҳо баъд аз чандин сол акнун қалам ба даст гирифтам, ки чанд сатре аз хотираҳои хеш рӯи қоғаз оварам.

Чаро ин қадар дер? – мепурсед Шумо. Аввал, ӯ дар пеши чашми ман ҳамеша зинда асту то ба имрӯз бовариам намеояд, ки наход вай бо ҳаёт падруд гуфта бошад? Бо ҳаёте, ки вай он қадар дӯсташ медошт, онро пайваста васф менамуд ва дигаронро низ даъват менамуд, то онро дӯст доранду ба қадри зиндагӣ бирасанд.

“ХЕЛЕ АЛАМОВАР АСТ...”

Дигар ин ки ба андешаи ман, Лоиқ аз он ҳама навиштаҳо болотар, волотар, азизу мӯътабар аст. Вай қуллаи баланду дастнорас асту на ҳар кас ба пои ин қулла наздик омада, онро бо сухан тасвиру тараннум карда метавонад. Дар ҳаққи ӯ сухани арзандае, зебандае, тозае ёфтан басо мушкил аст. Бо ҳамин андеша ҳар боре, ки қалам ба даст мегирифтам, ба фикр фурӯ мерафтам, кадом хислату рафтору гуфтори ӯро метавон ёд намуд. Охир хеле аламовар аст, чунин марди мардҳо то ба охир ба манзили умед нарасида, дар авҷи камолот, дар нимароҳ ҳамаро ноумед сохта, чун уқоби баландпарвоз ба баландии баландиҳо парвоз карда, аз назарҳо пинҳон шавад. Вале ӯ дар дили ҳамаи мо ҳамеша зиндаву симояш пайваста пеши назар аст…

Соли 1954 буд. Баъд аз хатми мактаби деҳа маро насиб гардид, ки донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент шуда, бо Лоиқ, Облоқул (Сорбон), Абдунабӣ Сатторов, Маҳмадқул Солеҳов, Юсуф Акбаров, Лӯъбат Пирназарова, Раҷаб Шарифов, Усмон Назиров, Ҳамрохон Ёрбоева ва дигарон ҳамсабақ бошам. Дар курси мо 62 донишҷӯ таҳсил менамуду Қосимбек Насимов, ки бо синну сол ва таҷрибаи рӯзгор аз ҳамаи мо бузургтар буд, сардории гурӯҳро ба ӯҳда дошт. Мо дигарон ҳама 13-14-сола бачаҳо будем.

Аксарият пас аз хатми синфи ҳафтуми деҳаҳои ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба ин даргоҳ омада будем. Касе аз касе боло набуд, ҳама сару либоси оддӣ дар тану аксаран бо стипендия рӯз мегузаронд. Муҳити омӯзишгоҳ басо солиму гуворо ва созанда буд. Омӯзишгоҳ бо анъанаи деринаи худ, бо муаллимони соҳибмартабаю донишманд ва ғамхораш моро ба оғӯш гирифт. Муаллимони азизи мо А. Шарифзода, Қ. Раззоқов, Н. Сироҷиддинов, О. Белозерский, А. Пиченкова, А. Камолов, Х. Абдуллоев ва дигарон чун падар ғамхору меҳрубон буданд.

ОМӮЗИШГОҲИ ПЕДАГОГӢ

Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент, ки ҳоло 85 сол дорад, дар байни мактабҳои олию омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми ба худ хосеро соҳиб буд. Дар зарфи мавҷудияти хеш ҳазорҳо нафар дастпарварони он дар баробари кори таълиму тарбияи насли наврас, инчунин дар соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг, санъату адабиёт кору фаъолият доштанд ва доранд. Дар омӯзишгоҳ одате буд, ҳар сол аввалҳои моҳи октябр донишҷӯёнро ба пахтачинӣ сафарбар менамуданд. Соли аввал мо дар ноҳияи Конибодом, соли дуюм бошад, дар ноҳияи Мастчоҳ ба пахтачинӣ рафтем. Дилварзини тоҷикон ҳанӯз нообод буд. Сокинони Мастчоҳи кӯҳӣ барои фатҳи заминҳои корамнашуда қадамҳои аввалин мегузоштанд. Шароит на танҳо барои онҳо, балки барои мо ёрдамчиён низ басо мушкилу сангин буд.

Солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳ Лоиқ бештар ба газетаи деворӣ шеър менавишт ва қобилияту истеъдоди ӯро пеш аз ҳама муаллими адабиётамон Абдуҷаббор Шарифзода дарк намуданду бештар ӯро ҳамчун донишҷӯи аълохону намунавӣ дар ҳар як ҷамъомад ёдовар мешуданд. Худи Шарифзода дарёи шеър буданд, ҳар як машғулият аз шоирони классик байтҳо мисол оварда, онро шарҳ медоданд ва таъкид менамуданд, ки бештар луғат аз бар намоем. Ва Лоиқ дар ин ҷода ангуштнамо буд. Соли 1958 мо омӯзишгоҳро хатм намудем. Лоиқ ҳамчун аълохон дипломашро гирифту ба Душанбе омад ва ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко дохил шуд. Қосимбек, Абдунабӣ, Облоқул, Маҳмадқул ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил шуданд, Қосимбек Насимов ҳанӯз солҳои донишҷӯияш сонетаҳои Шекспирро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ бармегардонд.

Пас аз хатми Донишгоҳ вай дар Идораи амнияти давлатӣ кору фаъолият дошт ва марҳум то ба рутбаи полковникӣ хизмат кард. Нависанда Облоқул (Сорбон) барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мебошад. Сатторзода адабиётшиноси барҷаста, профессор марҳум Солеҳов солҳои тӯлони вазифаи мудири кафедраи адабиёти Эронро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт – Петербург ба дӯш дошт. Баъд аз ду соли кор ман ҳам донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе гардидам. Лоиқ ду сол аз ман боло таҳсил менамуд. Ҳарду донишҷӯи як факултет будем. Вай дар хонаи иҷора ҳамроҳи Доро Дӯст (ҳоло рӯзноманигор) истиқомат менамуду ман дар хобгоҳ. Ҳамроҳ ғизо мехӯрдем, сӯҳбат менамудем, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок доштем.

НОМАИ 1966

Лоиқ пас аз хатми донишкада ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ба кор омад, ман бошам, баъди хатми донишкада ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон». Баъд ӯро ба хизмати аскарӣ даъват намуданд. Дар шаҳри Новороссийск хизмати аскариро ба ҷо овард. Ҳамеша ба воситаи нома аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон будем. Номаҳои ӯ пур аз меҳр, пур аз садоқат, пур аз андеша буданд.

Ҳоло аз байни чандин мактубҳояш чанд сатреро аз як нома (26.01.1966) ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам. «Салом, Давлатбой! Мактубатро гирифтам ва аз қадрдоният хело хурсанд шудам. Худо хайрашон диҳад, ки рафиқон гоҳ - гоҳ аз бандаи гандаи қаторӣ ёд мекунанд. Хизмат рафта истодааст. Ана мана нагуфта тамом мешавад. Гоҳ - гоҳ хат карда ист, кӯтоҳ ё дароз навишта ист. Баъзан газетаҳо ё саҳифаҳои хуб ёбӣ, фирист, то мо хонда вақтро кӯр кунем. Ин ҷо бо мо великотаджикҳо бисёранд, зиқ намешавем. Гоҳо аз Нақиб Саид, аз радио, аз «Энергетик», аз чойхонаи «Натан» ва дарсҳои Сатторӣ ва Қозиҷонов ёд карда меистем. Афсӯс, ки он рӯзҳоро дигар ёфта намешавад…».

“НАВРӮЗИ ЛЕНИНОБОД”

Баъди хизмати аскарӣ Лоиқ ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омад. Бо Бахтиёр Муртазоев, Гулназар, Гулрухсор, Саттор Мухтор ва ман дар як ҳуҷраи корӣ чанд муддат кору фаъолият намуд. Яке аз сафарҳои нахустини хизматиаш ҳамчун рӯзноманигор ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) сурат гирифт. Баъд дар саҳифаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (18.03.67) бо имзои Л. Шералиев таҳти унвони «Наврӯзи Ленинобод» мақолаи проблемавие рӯи чоп омад. Ин мақола дар идораҳои болоӣ як ғулғулае барангехт, зеро дар он солҳо ҳанӯз дар бораи иди «Наврӯз» на ҳама кас чизе гуфтаю навишта метавонист. Дар мақола аз ҷумла, гуфта мешуд: «Наврӯз аз қадимтарин идҳои миллии халқи тоҷик буда, ҳатто пеш аз оини зардуштӣ вуҷуд дошт. Суғдҳо онро «Навсарда», хоразмиҳо «Навсарчӣ», форсҳо «Наврӯз» меномиданд. Наврӯз иди бахосият ва хуҷастаи мо буда, аз замоне вуҷуд дошт, ки дигар расму таомулҳо ҳанӯз чун ӯ поя надоштанд. Ба ин ҷашни фархунда Ҷамшед асос гузошта буд. Агар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ иди Наврӯз ба як рӯзи муайян оварда шавад Наврӯз як ҷашни умумихалқие мешавад, ки онро ҳар сол ҳама баробар тайёрӣ дида, дар як рӯз ва як хел қайд мекунанд. Агар холисона гӯем, аз ҳама идҳое, ки халқи мо дар тӯли асрҳо гузаронида, бо имону ихлос саҷда оварда омад, фақат Наврӯз боқӣ мондааст…»

Лоиқ дар анҷоми мақола оиди бо кадом шаклу намуд ҷашн гирифтани Наврӯз таклифҳои мушаххас баён намуда буд, ки барои чунин фикру андеша ва дархост баён сохтан, танҳо ҷасорати Лоиқона даркор буд. Он солҳо давраи яккатози ҳизбӣ сарвар буд ва таклифҳои Лоиқ барои бисёр курсинишинони сатҳи болоии ин ҳизб писанд намеомад. Баъдтар, таклифҳои Лоиқ оиди ҷашни Наврӯз дар саҳифаҳои рӯзномаи «Маориф ва маданият» низ дастгирӣ пайдо намуд. Лоиқ гузаштаро бо эҳтиром ба забон мегирифт, вай бо иродат ва хулуси фузуда номи ниёгон ва муосирони арҷмандро ёдовар мешуд ва пайваста мекӯшид, то дигарон низ чунин бошанд. Дар ҳар як мақолаю гузоришҳои худ ҳанӯз солҳои кораш дар матбуоти ҷавонон ва баъд дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чунин муносибат дошт ва аз дигарон низ ҳамин чизро талаб менамуд. Ҳанӯз ҳамон солҳо Лоиқ аз маҳбубтарин ва серхонандатарин суханварони тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ва ҳамин ҷасорату маҳорат ва ғурури ба худ хосро дар дунёи адабӣ Лоиқ тамоми умр дар худ нигоҳ дошт. Далерона, мардона, берӯю хотир сухан гуфтан хоси Лоиқ буд. Ҳамон вақт ва ҳам имрӯз мардум бо ниёзмандиҳо ба дарди дили хеш ва орзуҳои худ аз ҳар як сатри иншонамудаи ӯ ҷавоб меёфтанду меёбанд. Шеъри ӯ махзани андешаҳои дар боби зиндагию абадият, эҳтироми волидайн, одаму одамгарӣ, сулҳу салоҳ, ишқу муҳаббат, ҳиммату номус, аҷзу ниёзи пиронсолӣ, мардию хештаншиносӣ ва ғайраҳост. Лоиқ ҳам ба сифати инсон ва ҳам шоир аз авлоди шоирон ба дунё омада, идомаи ниёгон буд, вале вай ҳамчун парвардаи рӯзгори пуртакопӯю пурҷилои ҳаёти навин, ба ҳар як воқеаю рӯйдоди ҳаёт аз дараҷаи чашми хеш нигариста, дидаю санҷидаҳояшро тавассути ақлу заковат, донишу фаҳмиши хеш, дар либоси шеър, шеъри ноб иброз медошт. Аз ин рӯ, шеъри ӯ баёнгари орзую ормонҳо, ниёзмандӣ ва ифшогари ниҳонии мардуму воситаи худогоҳию бедории шуури миллӣ ва ваҳдати халқ, ғизои рӯҳу оромии ҷони хурду калон гардидааст. Аммо Лоиқ ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш боре худро аз дигар ҳамсаронаш боло нагузошта, аз шеъру мақолаҳояш ба ваҷд намеомад. Ба ҳар ҳол, ман ин чизро аз забони ӯ нашунидаам.

ИДОМА ДОРАД
Мӯҳр
ABROR NOROV
Ман баъди хама завол меоям боз,
Чун мурги хучастафол меоям боз.
Гар баъди 1000 сол ёдам бикунед,
Ман баъди 1000 сол меоям боз. (ЛОИК)

Искодари...
...Хусудон Рудакиро кур кардан,
Зи шахри орзуяш дур кардан.
Нагунчид Рудаки дар шахри Сомон,
Туро дар шахри ... гур кардан...(А.Гагар)

Як чахон ташаккур, хеле маколаи чолиб, забони равони баён дорад... Ин ЗАБОНИ ВОКЕАН ТОЧИКИ, ЗАБОНИ УСТОД АЙНИ аст!

ТАШАККУР. ГИЗОИ МАЪНАВИ ГИРИФТЕМ. ДАР ХАКИКАТ ЛОИК БУЗУРГ АСТ.

Азизмурод
Ташаккур акаи Даврон.Хело едоштхои хуб, чонам фидои одаме,ки ба кадру киммати бузургони милат мерасанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)