Бахшҳо

Нота (номаи эътирозӣ)-и Қирғизистон ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар робита ба задухӯрди шоми 7 май миёни сокинони ду кишвар бо фаро хондани сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ додааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, Эрлан Абдилдаев, раҳбари ин ниҳод, рӯзи 8 май нотаро ба Олим Раҳимов -- сафири Тоҷикистон дар Бишкек тақдим кардааст. Манбаъ мегӯяд, Абдилдаев дар суҳбат бо Раҳимов аз амалкарди сокинони Исфара дар қаламрави кишвараш шадидан нигаронӣ кардааст. Инчунин, вазири умури хориҷии Қирғизистон аз дипломати тоҷик таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса ва муҷозоти дастандаркоронро талаб намудааст.

Дар пайи задухӯрди сокинони минтақаи ҳаммарзи вилояти Бодканд ва Суғд, Олим Раҳимов -- сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон фаро хонда шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, Раҳимов рӯзи 8 май ба ин ниҳод даъват шуда, сабабаш машварат дар робита ба қазияи мазкур мебошад.

Дар ин муноқиша, ки шоми гузашта миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рух дод, беш аз 30 сокини кишвар захмӣ шуда, ҳоло шаш тани онҳо, аз ҷумла як маъмури пулис, дар бемористон будаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ҳам мегӯяд, дар ин задухӯрд 30 тан аз сокинони онҳо ҷароҳат бардоштаанд.

Манбаи мо аз Исфара гуфт, ин задухӯрд дар пайи сангпартоии қирғизҳо ба сӯи мошини як сокини ҷамоати Ворухи Исфара рух дода, баъдан бо ҷамъ шудани одамон аз ду тараф бузургтар шудааст. “Ҳоло намояндагони мақомоти қудратии ду ҷониб дар ҷои ҳодисаанд ва мардумро ба хештандориву оромӣ даъват мекунанд”,-афзуд ӯ. Мусоҳиби мо илова кард, дар ин задухӯрд қирғизҳо аз силоҳи оташфишони шикорӣ низ истифода кардаанд, ки аз тири он ду нафар захм бардоштаанд.

Манбаъ мегӯяд, зоҳиран ин ҳодиса аз сӯи қирғизҳо тарҳрезӣ шуда буд, чун ба қавли ӯ, ҳамсояҳо дар ҷои ҳодиса санги зиёдеро ҷамъоварӣ карда будаанд. Аммо расонаҳои қирғизӣ ин ҳодисаро ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд ва бо такя ба қавли манобеи худ менависанд, далели ба миён омадани муноқиша гӯиё ворид шудани чорвоҳои тоҷикон ба минтақаи марбут ба қирғизҳо будааст.

Бо ин ҳол, ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки қарор аст, 11 майи соли ҷорӣ дар Душанбе музокироти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ баргузор гардад. Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои Исфара, ки тарафи марзбонҳои тоҷику қирғиз ҳашт захмӣ боқӣ гузошт, доғ гардиданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Иддаое, ки мақомоти Қирғизистон онро рад кард ва сафирашро барои мушовара ба Бишкек хонду гузаргоҳҳои марзиро баст.
Мӯҳр
Бобо
Касеро рохбари гурухи кори таъин кардан лозим аст, ки пеш аз хама гами ахолии махаллиро хурад, на барои ба намояндагони киргиз худнамои кардан ба кор сар кунад.

Султон Валади Руми
Бародарони Киргиз бо бародарони Точик бояд ба игвогарон ва дасисабозон берунмарзи дода нашаванд. Проблемахоро Рохбарони мо аз харду тараф Худо хохад хал мекунанд ва халшавандааст. Барои як проблемахои майдачаи Чорво ва Чарогох мо хама мардуми Водиро нотинч насозед. Сабр бояд кард. Агар сабру тахаммул ва аклу хирад кор нафармоем харду чониб аз Марзу Чорвоу Чарогох махрум мешавем. Чунки Сарчупони ПЕНТАГОН Борак Обама имсол аз "Чарогохои" Афгонистона "Рамаашро" баровардани бо сабабе, ки имсол дар Афгонистон хаво номусоид омадааст- хасу хошок тамом шудааст. Как рас хами Водии Фаргонаи Мову Шумо ба акидаи Сарчупони ПЕНТАГОН Чарогохи наздик ва арзонаи. Худо ба хамаи Мову Шумо сабр ато намояд.

Асил
«Девять человек находятся в Баткенской областной больнице, состояние одного человека тяжелое: у него огнестрельное ранение. У остальных состояние средней тяжести. Среди пострадавших также числится заместитель начальника Баткенского РОВД», - сообщила она.

В свою очередь, министр внутренних дел Абдулда Суранчиев пояснил, что человек, который получил огнестрельное ранение, случайно выстрелил в себя сам.

«Он из дома вытащил гладкоствольное ружье и ранил себя, потому что не умел обращаться с оружием», - сказал Суранчиев.

Бародарони киргизи мо хар руз нушанду ба сари рох баромада ба мошинхои сангпаррони кунанд .Мардуми махалли наметавонанд орому осоишта бошанд.Холо ин ки дар чое ки заду хурд ба амал омад замини санглох аст ва чорво рондан дар он чо гайри имкон аст.Журналистхои бояд хакикати холро нависанд на ин ки аз киргизхо руйбардори кунанд.Зеро точикони боз хам айбдор мешаванд ки мунокишаро якум шуда огоз карданд..

Ворухи,
Ин вокеа барои шумо Ворухихо бояд дарси адаб бошад..Бас тарсуи вактеки рохи шуморо баст киргизо хамакаса бояд амал намуд..Ин масаларо танхо сарчамии халк хал мекунаду халос ..Як зарра ба хокимон бовари намонд...Айб ки рохи шуморо кадом киргизи майзада мебандаду шумобошед чун тарсу ба хонаи худ чой мешавед..Ору номус бояд дошт...!!!!

Сафар
Чун ин мардум-шахсони-тасодуфи--хастанд коре-аз-дасташон-намеояд-бародарон!Агар-акл
-медоштанд-Чагаро-бо-командааш-дар-му
кобили-узбакия-ва-киргизия-бо-ду-се-баталио

Комил
Вазири хоричаи мо хоб аст. О гунохро киргизхо кардаанду сафири моро дар Бишкек ба ковёр хондаанд. Чанчолро аввал киргизхо бо сангпартой болои мошини исфарагй сар кардаанд-ку. Хайфи вазифадоримон. Через када мансаба мегирему дар ин хел вакто лол мемонем.

А-а
Ворухи,
Бародар ба хар хел ИГВОГАРХО гуш надех бо акли тамизи худ рафтор кун.
Касоне хастант, мехоханд байни точику киргиз чанг андозанд ин ба манфиати онхост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)