2 моҳ тамдид шудани муҳлати боздошти Фахриддин Зокиров
Муҳлати ҳабси пешакии Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи соҳибкори зиндонӣ, Зайд Саидов, ба муҳлати ду моҳ тамдид карда шудааст. Дар ҳоле ки бар асоси қарори додгоҳ муҳлати пешакии ӯ дар ҳамин моҳ ба охир мерасид.
Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Саидов, ба “Озодагон” хабар дода, гуфт, “қарори тамдиди ҳабси пешкии Зокиров рӯзи 6 май содир шуд”. Фахриддин Зокиров шаби 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шаби 7 март ба нигоҳдории Зокиров то моҳи май дар ҳабс иҷоза дода буд.
Боздошт ва ҳабси пешакии Фахриддин Зокиров дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда, Вазорати умури дохилӣ Шӯҳрат Қудратовро дар садамае муттаҳам дониста буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |