Бахшҳо
07 май 2014 17:13Тоҷикистон / Сиёсат

Талаби Сайидумар Ҳусайнӣ аз Шукурҷон Зуҳуров

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хостори таъсиси комиссияи парлумонӣ барои таҳқиқи ҳамла алайҳи ӯ дар Бадахшон шудааст.

Ин вакили парлумон аз Шукурҷон Зуҳуров тақозо намудааст, қазияро ҷиддӣ мавриди назорат ва таҳқиқ қарор диҳад. Ҳусайнӣ бо зикри ин нукта, ки бо вуҷуди вакили Маҷлиси Намояндагон буданаш мавриди ҳамлаи гуруҳе дар вилояти Бадахшон қарор гирифтааст, барои таҳиқи мӯшикофонаи ин моҷаро як чанд пешниҳоде низ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ташкили комиссияи парлумонӣ бояд “масъулини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои шарҳи масъала даъват шаванд, ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани тарроҳону иҷрокунандагони ин амали ҷиноятӣ дархости расмӣ фиристода шавад ва ҳамзамон барои доир намудани мулоқоти вакил, яъне банда бо интихобкунандагон дар шаҳри Хоруғ, аз тарафи Маҷлиси намояндагон шароити лозим фароҳам оварда шавад.”

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки барои расонидани муҳтавои паёми солонаи раисиҷумҳур субҳи 28 апрел ба Хоруғ рафта буд, мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи 15-нафарӣ дар дафтари ҲНИТ дар Хоруғ ба ӯву ронандааш дарафтода, гуфтаанд, барояшон ин ҳизби исломӣ лозим несту бояд ҳарчӣ зудтар ин маконро тарк кунанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо баъд аз як рӯзи ин ҳодиса бо нашри гузорише қазияи Сайидумар Ҳусайниро шарҳ дода, гуфт, дар ҷараёни сафари ӯ ба Хоруғ миёни онҳо ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”,-менависад торнамои ВКД.

Вале Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шарҳи Вазорати умури дохилии кишварро натоиҷи таҳқиқи ғайримунсифона хондааст. Масъулини ҲНИТ рӯзи 30 апрел бо нашри баёнияе таҳқир ёфтани мардуми Бадахшон аз сӯи Ҳусайнӣ ва ҳамроҳонашро такзиб карда, гуфтаанд, далоили ВКД дар робита беасос мебошад. Инчунин, дар ин баёния таъкид шудааст, Асрор Булбулов, ки масъулини ВКД ӯро собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ хондаанд, аз воқеият дур буда, ӯ ҳеч гоҳ дар ин симат ифои вазифа накардааст ва низ Шоҳнаими Карим, ки аз ӯ раиси дастгоҳи ҳизб ном бурда шудааст, ғалат мебошад.
Мӯҳр
Тн ришдор конунхоро медонад ё не? Боз хамон вохимасози.
Чунин корхо дар салохияти вакилон нестанд.

Вакил
Акрам ту номаъкул кардаи! ту чучаи ххдт хасти вакте гап сари конун рафт шумо ларзатон мегирад бо вучуде ки ягонтои шумо ххдт -ихо конунро риоят намекунед.

Шоди
Намояндаи нахзат бие гуш кун насихати бепулро.Хап шин ки бо туро хабс накунанд.Бовар кун зиндони кардани шумо як карат

Хамза
Шайтонгари бас хамла Кардан Тинч гард хамла накунан воймахои солхои чанга кади воймачи

Ту вакил боши рафта ба хавзаи худат мардуме ки туро интихоб кардаанд паёмро фахмонда дех ба дигар халк чи кор дори?

Ватандӯст
Рости гап ҳамаи гапҳои Умаралӣ Фатоҳович воҳима ва аз ин беш нестанд. Мардуми шаҳри Хоруғ ҳақиқатан ҳам аз рангу руйи ҲНИТ безоранд ва намехоҳанд, ки ин ҳизб дар он ҷо фаъолият дошта бошад. Умаралӣ бо ин риши сафедаш айба намедонад, ки ин қадар дурӯғгуиҳо карда истодааст. Дар Ванҷ, Язгулом вохӯриҳо гузаронд боз чи сафсатахонӣ дорад. На писараша лат карданду на худаша. Ин касро ҳамчун вакил ҳеҷ кас намешинохт, барои ҳамин ҳам худаша реклама карда истай.

бадахшони
мардуми бадахшон дар даврони чанги шарванди бо нахзат буданд то охир бо нахзат хоханд мод ягона чое ки нахзат фаъол дар чанги шахвади буд бадахшон буд ва шахсони шинохта ин минтака бо нахзат хастанд хукмат чанд алкашро барпо ин омода карда аст мо бошумоем .

Помирӣ
Акаи Умаралӣ, Шумо ва ҳизбатонро дар Хоруғ ягон кас интизор ҳам нест, вакилони Маҷлиси намояндагон омаданд, аз телевизиони Бадахшон ҳам баромад карданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Паёми Ҷаноби Олиро шарҳу тавзеҳ доданд, тамоми сокинони шаҳри Хоруғ 23 апрел Паёмро бодиққат гӯш карданд, омадани Шумо шарт мӣ, ё ягон иғвои дигар доред?

Ин Хусайни ё дуруг гуфтаистай ё аз мурча фил месозад. Дар Бадахшон ба хусус дар Хоруг ки ин хел гапу вокеахо тез пахн мегарданд ягон кас аз ин ходиса дарак хам надорад. Ва агар шунида бошанд хам аз интернет.

25
Огои Хусайни магар зарурати талаби тахкики ходисаи гуё лату куб шудани Шумо аз Шукурчон Зухуров аст? Фикр мекунам, ки не. Чунки хамаи гуфтахои Шумо бухтон, тухмат дар хакки мардуми Бадахшон аст. Худатон казоват кунед, агар аз омадани Шумо чи рохбарияти вилоят ва чи халки одди агар маълумот медоштанд, арзанда истикбол мекарданд, вале ягон маълумот оиди омадану лату куб шудани шумо дар шахри Хоруг дар ягон чо ба кайд гирифта нашудааст ва аз ин бармеояд, ки шумо тамоман дар Хоруг набудаед ва хамаи ин ночурихоро дар хоби гафлат дидаед. Бинобар ин аз халки Бадахшон узр пурсиданатон лозим меояд, чунки шумо талаби ба Бадахшон омадану майли бо интихобкунандагон вохури намуданро доред. Андеша накардаед, ки баъди ин агвоангезихо чи гуна вориди вилоят мешавед ва вохури мегузаронед? Мардум баъди ин чи гуна метавонад шуморо бо дилу дидаи гарм истикбол намояд? Андеша намоед, ки холо фурсат доред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)