Бахшҳо

Даъвати Муҳаммадӣ барои кору зиндагии тоҷикон дар Дубай

Дар пайи афзоиши ҳолатҳои таҳқир ва куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, яке аз корбарони “Озодагон” бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ ҳамватанони худро барои кор ба Иморати Муттаҳидаи Араб даъват менамояд.

Абдулқодири Муҳаммадӣ, ҷавони тоҷик, ки чанд соли умри худро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст, мегӯяд, барои муҳоҷирони кории тоҷик макони беҳтаре ҷуз Иморот наметавон пайдо кард.

Ба гуфтаи ӯ, Иморот аз Русия дида бартариҳои зиёд дорад. “Тавре мушоҳида кардам, дар шаҳри Дубай бачаҳои тоҷик зиёданду вазъи эшон аз ҳамватанони дар Русия будаашон беҳтар аст. Ҳар вақт инҷо ба коре қабул шудед, аввалин гоме корхона мебардорад, ин дуруст кардани ҳуҷҷатгузории Шумо, таъмини сару либос ва ҷойи зисту ғизо мебошад. Инчунин, ҳар моҳ як ё ду бор аз тарафи шаҳрдорӣ хонаҳои муҳоҷирин мавриди санҷиш қарор гирифта, дар сурати ҷой доштани камбуд соҳиби корхона ҷарима баста хоҳад шуд. Аз қутии ёрии аввалияи тиббӣ сар карда, то болишту болопӯш ва кондитсонеру яхдон бояд дар ҳуҷраҳо бошад. Албатта, ин ҳама аз ҳисоби корхона таъминанд. Бар иловаи ин рӯзҳои истиоҳат бидуни ягон мушкил озод метавонӣ дар кӯчаву хиёбонҳо пиёдагардӣ кунӣ. То агар ягон қонуншикание накунӣ бо пулис рӯбарӯ нахоҳӣ шуд. Имтиёзи дигар ин аст, ки ширкатҳо дар сурати рафтани коргарони худ ба ватан ҳар сол ё як тараф ё рафту баргашт пули чиптаи ҳавопайморо пардохт менамоянд”,-навиштааст ӯ.

Оқои Муҳаммадӣ мегӯяд, дар ҳоле ӯ ҳамватанони худро барои кор ба Иморот мехонад, ки шахсан чанд соли умрашро ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Русия сипарӣ кардаву аз рӯзҳои сахти онҳо дар ин кишвари бегона огоҳ аст: “Вақтҳои охир дар матбуот ва интернет ҳамааш аз тақдири муҳоҷирон ва будубоши онҳо дар Русия менависанд. Банда бо ин ҳарфу пешниҳод танҳо мехоҳам, чизеро, ки худ дорам бародарону ҳамватанонам ҳам дошта бошанд. Банда қариб се сол дар шаҳрҳои гуногуни Русия будам, аз ҷумла дар Маскав. Тоҷикон дар Русия бадтарин ҷои корро доранду шароити пасти зиндагӣ нисбат ба дигар қавму миллатҳо насиби онҳост. Барои мисол озариҳо ё қавму миллатҳои дигар ба тиҷорат, муҳандисӣ машғуланду аммо тоҷикҳо дар бозор аробакашӣ, дар сохтмонҳо корҳои пастро мекунанд. Ин воқеиятест, ки наметавон инкораш кард. Бар замми ин ҳама, аз дасти пулис ва русҳои миллатгаро ҳамеша дар азобанд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистони дорои шиносномаҳои русӣ дар муноқишаи Душанбею Маскав дар соли 2011 мавриди фишору таъқиб қарор доштанд. Шиносномаҳои онҳоро ба табааи Русия доштани эшон низ нигоҳ накарда, пора карданду ба ватан ихроҷ намуда буданд.”

Хонандаи мо гуфтааст, ҳоло ҷомеаи Иморот ба мардони соҳибкору дорои маълумот ва тоҷирони муваффақ ниёз дорад. “Албатта, барои ҳамватанони дорои маълумоти миёна низ корҳо зиёданд, ҳоло бисёре аз бачаҳои тоҷик дар марказҳои савдову ошхона ба ҳайси корфармою иҷрогар фаъолият доранд. Фазои ин минтақа низ барои ба роҳ мондани нақшаҳои тиҷорию соҳибкорӣ бисёр мувофиқ мебошад. Барои фаъолияти ин қишр ҳамагуна шароитҳо фароҳам мебошад. Чизи аз ҳама муҳим ин ки тоҷирон аз аксар намуди андозҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон месупоранд, дар инҷо озоданд”,-таъкид доштааст Абдулқодири Муҳаммадӣ.
Мӯҳр
хуб мешуд чаноби Мухаммади роххои рафтан, кор пайдо кардан, мохона дар Иморат, бархе кавонини Иморатро низ ёдовар мешуданд. Чун бисёр нафарон хостори чои хуби кор хастанд. Аз чумла ман низ дар суроги корам ва бароям хеле ачиб аст, ки масалан дар Дубай то чи микдор пул ёфта метавонам. Хохиш мекардам, Озодагон ин номаро ба Абдулқодири Муҳаммадӣ расонед.

корчу
хуб мешуд ин бародар "Муҳамади" телефонҳои худро тариқи назар, (коментария) бо кодаш ба мо мегузошт, кори савоб мешуд.

ФАРРУХИ АБДУКАРИМ
ДАЪВАТИ МАРО КАБУЛ МЕФАРМОЕД АКАИ АБДУКОДИР МАН ХАМ НИЯТИ САФАР БАРОИ КОР ДОРАМ ИЛТИМОС МАЪЛУМОТ ДИХЕД МАДАД КУНЕД АЛЛОХ МАДАДГОРИ ШУМО БОШАД ОМИН***

точик
Мухаммадӣ бародар илтимос рақамҳои телефонатро тариқи коментария навис.

АМИНА
МАН ХАМ ТАРАФДОРИ ФИКРИ АНВАР ХАСТАМ

Мухаммадичун ! если Реклама ту дуруст боша дар Точикистон дигар одам намебона, мумкин чиновникоам браван. Мепурсумт ки дар унчо бо точики гап мезана мухочиро, чунки 150 солаи ки бо Урус хизмат мекунем, мора тахкир мекуна ва факат як кор кардан Аспи Хасани Аробакаша гирифтану - Аробаро дар гардани мо бар карданд. Нашавад, ки ба Аморат равему Уштурхои Арабо отдых кунанду мо дар биёбони сузони араб саргардон шавем. Як бори дигар акалан ту хамватан рахм кун. Агар Рекламаат рост боша Худо дар дунё баракат биёви.

Хуб мешуд чаноби Мухаммади роххои рафтан, кор пайдо кардан, маблаги мохона, бархе кавонини Иморатро низ ёдовар мешуданд. Чун бисёр нафарон хостори чои хуби кор хастанд ва дар сурати тасдики гуфтахои боло мо бо Шумо хамкори хохем кард!
Тел:225-05-96

Хочи
Ташаккур,бародари азиз Мухаммади барои гамхориат нисбати хаммилатони худат. Вале ман харос аз он дорам, ки ин пешниходи туро аксари мухочирони дар Русия буда кабул надоранд. Зеро мо одат кардаем, ки дар зери мушти касе бошем. Мо одат накардаем, ки конунхоро риоя кунем, мо одат накардаем, ки барои кори хуб талош кунем, мо одат кардаем, ки нимто нони кок диханду бо худи он боз ба пушти сарамон зананд. Мафкураи мо хароб аст. Хар касе, ки ин даъвати Мухаммадиро пазирад, нушаш бод ва Худо ёраш шавад!

Бо арзи салом хидмати якояки хамватанон пеш аз хама шуморо шохид мегирам ки ман ба сиёсати точикистону русия кор надорам чун точикистону русия шарикхои стратеги хастанд.
Сониян ба бародари ба исми петросиян гуфтани хастам ки ин кори ман реклама нест яъне ман аз ин корам хеч манфиъати шахси намехохам танхо ба хотири халку миллатам ки имруз хамагон мебинем ки дар чи холатанд ин кучактарин кумак аз чониби банда буд ки ба шумо азизон кардам
Албатта дар ягон чо бидуни мушкили нест вале аз пасаш рохат дорад,худам дар як ширкат кор мекунам ва як коригари одди бо маоши миёна кор мекунам

Барои хохиши зиёди бародарон ин имейли банда аст (takbir2012@mail.ru) ин хам ба хотири худо чун дустон зиёд хохиш карданд!

barodaro agar dar dubay zaboni anglisira yo arabira nadoni kor paydo kardan bisyor mushkil ast dar unja beshtar anglisi bakor meravad baroi hamin zabona doni meshavad kor paydokarda man dar onjo budam kor paydo mekuni maoshash 500 600 dolar ammo kvartira darkora boz 200 dolarash baroi kvartira meravad xurdu xurokasham agr yak du vaktash az joi kor boshad digarash az hisobi xudat kasoneki tajribai tijorat dorand va kame sarmoya dorand imkoni kushodani biznes vijud dorad xelo xubast nisbat ba tojikiston kase boloyat fishor nameorad molatro namegirad hukumatdorosh ba tijorati mardum kordor nestand andozasham misli tojikiston buzurg nest tojikon ziyodand kor mekunand sohibi hama4i shudaand baharhol joi xubast raved jahonbiniaton vase meshavad zabonro donistan hatmi ast nadoni bisyor mushkilast barodaro

Парвиз
Панири бепул-танхо дар мушкапак!!!!! хама мехохад сохиби пулу мол шавад аммо мехохад,ки ин хамааш аз осмон фарояд.хама мегиланду меноланд.шумо мегуед,ки озарихо дар тичоратанду мухандисанд.охир мо точикон бесаводу чахонбинии танг дошта бошему оддитарин коидахои гигиениро риоя карда натавонем айби русхо дар чист???? чаро мафкураи танг доштану бесавод буданамонро ба гардан намегирему мехохем сохиби дунё бошем?? ман намефахмам инро.вой бар холи мо.

АМИНА
АКАИ АБДУЛКОДИР БА МАРДУМ КОРИ ХАЙРРО ПЕШНИХОД КАРД АММО ТОЧИКИ БЕСАВОД БА ЧОИ ХИЗМАТ ТУХМАТ

Абубакр
БОРИ ТОЧИКА ХАМИН РОСИЯ МЕБАРДОРАД.Агар ба арабистон рафтан сар кунанд араб баьди се мох аз онхо безор мешавад.Лекин агар хамин 1,3 мл раванд точик дар россия тилло мегарданд.

Dubay
Bren hamujaram jazir kunen!!!!

ааа
Пешниходи хуб.Вале аморат 1,5 млн.ро кабул намекнад. Дуввум ин ки чавони точик, ки мактдабро нав тамом кардаасту саводу чахонбинии казои надорад гайр аз русия боз кучо рафта метавонад. Гайр аз ин руссия виза надорвд. Хвмчунин точики мардикор мисли поуистониву хинду бвннладеш барои 200-300 доллар мисли хар 18 соат мехнат нахохвд кврд.

Баъдан, аз хамон арабхои чохили бачабози пулмаст русхо хазорхо маротиб баинсофтаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)