Дар ин шабу рӯзе, ки оташи баҳсҳо дар бораи муҳоҷирати кории тоҷикон дар Русия гарм аст, “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ин раванд то кай идома хоҳад дошт?
Абдураҳмон ХОНОВ, вакили парлумон:
“Муҳоҷират як раванди табииест, ки аз замонҳои хеле гузаштаи дур то кунун хоси миллатҳову кишварҳои мухталифи дунёст. Ин раванд ҷанбаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфиро дорост. Ҳангома бардоштан аз онки мамлакати мо ба кишвари муҳоҷирон табдил ёфтааст, бе мантиқ мебошад. Чун талаботи инсон қонеънашаванда аст, ҳар ҷое манфиати бештареро эҳсос мекунад ба он майл мекунад. Чашм бикшода дунёро бубинед, ин раванд хоси тамоми мамалакатҳо, ҳатто кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта низ мебошад. Мо имрӯз бояд барои ба муҳоҷират омода намудани ҳар як шаҳрванди кишварамон заминаҳо ва имкониятҳои мусоиди ҳуқуқиву психологӣ фароҳам оварем. Дар оянда барои таъмини ҳарчи бештари ҷойҳои муносиби корӣ барои шаҳрвандони мамлакат бояд талош намуд. Ин масъалаҳо дар паёми президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ низ муфассал баён гардидаанд, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣ чораҳои мушаххас хоҳанд андешид.”
Алӣ МАСТОВ, сиёсатшинос:
“То замоне дар кишвари мо, ба ҷойи фабрикаву завод аз ҳама пояи байрақи баландтарин, аз ҳама калонтарин китобхона дар минтақа, аз ҳама сохтмонҳои пуршукуҳи Вазорати умури хориҷӣ, Осорхона ва Қасри Миллат месозанд, теъдоди муҳоҷирин меафзояду кам намешавад. Сол ба сол, мутаносибан ин теъдод меафзояд ва синни миёнаи он поин меравад. Чӣ метавонад аз ин шармовартар бошад, ки шумори занони муҳоҷирамон 15 фоизро ташкил медиҳад? Чӣ метавонад аз ин ғамноктар бошад, ки ҳамаи «мағзҳои» сиҳат кишварро тарк мекунанд? Ҳамаи ин барои он аст, ки дар мо иқтисодиёт вуҷуд надорад. Тамоми иқтисодиёти мо ин муҳоҷирини мо ҳастанд, ки барои «омода карданашон» алакай аз курсии мактабӣ шуруъ кардаанд. Ғамангез аст.”
Илҳом НАРЗИЕВ, таҳлилгар:
“Пеш аз пеш тақдири бачаҳои моро инҳо маълум кардаанд. Гӯиё онҳо ба ғайр аз муҳоҷир будан фарзандони мо сазовори дигар тақдир нестанд. Мо насли калонсол, мебоист ба фарзандони худ роҳи дигарро нишон медодем, ки фардо онҳо давлату ҳукумату тамоми соҳаҳои ҷомеаи моро ба дасти худ гирифта як кишвари мустақил, пешрафта ва худкифо бисозанд. На инки ҷавононеро, ки ҳоло дар зиндагӣ қадамҳои аввалро мегузоранд, мо ба ғуломии аҷнабиҳо омода кунем. Фарзанди тоҷик сазовори тақдири хубтар аз ғуломӣ аст.Аксари ҷавонон аз ҳамсолони хориҷии худ ҳеч камӣ надоранд ҳатто хубтар аз онҳо ҳастанд.”