Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Радди бо “сементблок” кушта шудани Сорбон Раҳмонов

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон куштори Сорбон Раҳмонов, сокини 27-солаи ноҳияи Варзобро шарҳ дода, фарзияи бо “сементблок” кушта шудани ӯро такзиб кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, Раҳмонов дар натиҷаи ҷароҳати вазнин бардоштан аз захми корд ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 26 апрели соли ҷорӣ миёни Раҷаббек Каримов ва Сорбон Раҳмонов муноқиша ба миён меояд, ки аввалӣ бо корди дар дасташ буда ба бадани Раҳмонов якчанд бор задааст. “Мутобиқи маълумотномаи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси суддӣ-тиббӣ аз 28 апрели 2014 сабаби марги Сорбон Раҳмонов, ин захмҳои халандаву бурандаи воридшавандаи қафаси сина ва гардан бо ҷароҳатёбии шараёнҳои гардан, шушҳо ва хунравии шадиди беруна мебошад”,-навиштааст торнамои расмии ВКД.
Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи гуфтаҳояш овардааст, “Каримов бо автомашинааш оби лойро ба бадани Раҳмонов пош медиҳад, ки сабаби задухӯрд мешавад.” Манбаъ илова намудааст, ҳоло Раҷаббек Каримов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бар муқобили ӯ тибқи моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Сорбон Раҳмонов сокини 27-солаи ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб буда, рӯзи 26 апрел ҷасади ӯ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар канори роҳи мошингарди Чорбоғ-Чағатайи ин минтақа пайдо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |