Роҳи баҳсбарангези Оқсой-Тамдиқро кӣ месозад: Тоҷикон ё қирғизҳо?
Гуруҳҳои кории марбут ба масъалаҳои марзии Тоҷикистони Қирғизистон барои баррасии сохтмони роҳи баҳсбарангези Оқсой – Тамдиқ дар Душанбе гирдиҳам меоянд.
Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон оид ба умури амният ва масъалаҳои марзӣ рӯзи 6 май дар суҳбат бо хабарнигорон дар ин бора иттилоъ додааст. Маматалиев мегӯяд, ҷаласаи гуруҳҳои корӣ рӯзи 11 май дар Душанбе баргузор шуда, дар он масъалаи аломатгузории хатти марзи ду кишвар низ ба баҳс кашида мешавад.
Муовини сарвазири Қирғизистон изҳор доштааст, дар нишасти қаблӣ ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, сохтмони роҳи баҳсбарангезро онҳо бар уҳда мегиранд. “Вале мо ба ин розӣ намешавем, чун ин роҳ аз қаламрави кишварамон убур мекунаду онро бояд худамон созем”,-таъкид доштааст ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |