Кумаки пулӣ ба 30 тан аз иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хуҷанд
Бахшида ба 69-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ 30 тан аз ҷанговарони тоҷик аз вилояти Суғд ҳар кадом бо маблағи беш аз 1 ҳазору 750 сомонӣ қадрдонӣ шудаанд.
Тавре аз шаҳрдории Хуҷанд хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси маркази Суғд, дар пайи як чорабинӣ аз собиқадорон қадрдонӣ карда, кумаки раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси вилоятро ба онҳо супоридааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳар собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ҳазор сомонӣ, аз номи раиси вилояти Суғд 500 сомонӣ ва аз ҷониби шаҳрдории Хуҷанд 250 сомонӣ кумаки молӣ карда шудааст.
Шаҳрдори Хуҷанд дар идома таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ хидмати онҳоро фаромӯш накарда, ҳамасола аз онҳо қадрдонӣ хоҳад кард. Шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, инчунин барои шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, аз ҷониби раиси вилояти Суғд 400 сомонӣ ва аз номи раиси шаҳри Хуҷанд 200 сомонӣ кумаки яквақтаина расонида хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |