Тӯраҷонзодаҳо: “Ҳеч вақт зидди миллат ва манофеи он набудему нестем”
Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон, аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар, бо пахши изҳороте барномаи телевизионии алайҳи хонаводаи худро, ки тариқи шабакаҳои давлатӣ пахш шудааст, маҳкум карданд.
Дар ин барнома, ки рӯзҳои 2 ва 3 майи соли ҷорӣ намоиш дода шуд, ду ҷавони тоҷик -- Пирзода Меҳроҷи Қодир ва Маҷидзода Бахтовари Мирзомурод худро шогирдони Тӯраҷонзодаҳо ва таҳсилдидаи мадрасаи "Муҳаммадия" муаррифӣ карданд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҷавонҳо дар Сурия алайҳи ҳукумати Башшор Асад ҷангидаанд.
Аммо бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар изҳороти худ ин барномаро “буҳтони тозае аз силсилабуҳтонҳои “хамелеон” дар ҳаққи хонадони худ медонанд. Бародарон Тураҷонзодаҳо суханҳои қаҳрамонони барномаи мазкурро такзиб карда, мегӯянд, онҳо ё дурӯғ мегӯянд, ё таҳти фишор ин ҳамаро гуфтаанд.
“Тибқи баёноти ин ду ҷавон, маълум мешавад, ки гӯиё онҳо соли 2007-2008 дар назди мо таҳсил карда ва ҳамон сол, яъне соли 2008 ба Сурия сафар кардаанд. Ба ҳама маълум аст, ки он солҳо дар Сурия ошӯбу нооромӣ набуд ва ҳукумати Тоҷикистон низ барои манъи таҳсили динии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва бозхонди онҳо ба кишвар, қарор ва фармоне набароварда буд. Тазоҳурот ва ҷангҳои Сурия баҳори соли 2011 шуруъ шуда ва қарори манъ ва бозхонди донишҷуёни мадрасаҳои динӣ аз хориҷи кишвар соли 2012 бароварда шудааст. Яъне, 4 сол баъд аз рафтани онҳо нооромиҳо дар Сурия сар шудааст”,-омадааст дар изҳороти рӯҳониёни шинохта.
Ба гуфтаи онҳо, ҳатто худи ҷавонон низ дар барнома изҳор доштаанд, ки эшонро барои ширкат дар тазоҳурот ва намоишҳо устодони суриягиашон амр ва ташвиқ кардаанд, на Тӯраҷонзодаҳо.
Онҳо бар ин боваранд, ки доираҳои муайян ҳар сол шеваи туҳмат алайҳи хонаводаи онҳоро ранги дигар бахшида, тамғаи нав мегузоранд: “Ду сол қабл барои исботи шиа будани хонадони мо, бо қарори “Шӯрои уламо” буҳтонномаи дурӯғе дар тамоми нуқоти ҷумҳурӣ аз тариқи масҷидҳою матбуот паҳн намуда буданд. Имсол бошад, аз тариқи ин барномаи телевизионӣ туҳмати салафӣ буданро ба унвони хонадони мо эълон карданд. Зеро ҳама медонанд, ки зидди ҳукумати Башшор Асад, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, ғолибан салафиҳо меҷанганд. Ва аз Тоҷикистон чуноне, ки аз матбуот мехонем, танҳо салафимаобҳо ба ин “ҷанги муқаддас” рафтаанду мераванд. Пас, бо чи мантиқе ин қазияро мардум қабул намоянд, ки Тураҷонзодаҳои “шиа” муқобили шиаҳои Сурия, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, шогирдони худро бифиристад!?”
Бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар идомаи изҳороташон, ки рӯзи 6 май дастраси мо шуд, гуфтаанд, мисли афроди дигари ҷумҳурӣ шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон мебошанд ва аз дастгоҳҳои қудратӣ ва идеологии кишвар қотеона талаб мекунанд, ба ин ҳама буҳтону туҳмат алайҳи онҳо ва душмантарошӣ хотима бахшида шавад.
Онҳо дар шарҳи гуфтаҳояшон овардаанд, ҳарчанд дар бархе масъалаҳои мазҳабию динӣ бо бархе мансабдорону шаҳрвандон назари мутафовит доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки эшон ҷинояткор мебошанд: “Мо ҳеч вақт зидди миллат, давлатамон ва манофеи он набудем ва нестем. Дуруст аст, ки дар баъзе мавзеъҳои марбут ба масоили исломӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ назари мутафовит ва шояд мухолиф аз дидгоҳи мансабдорон дорем. Аммо доштани назари дигар ё андешаи дигар, магар ҷиноят аст? Не! Балки Конститутсияи кишварамон гуногунандешии шаҳрвандонро замонат додааст. Хоҳиш мекунем, даст аз душманкобию душмансозӣ бардоред.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |