Ошноии Бердимуҳаммадов бо сохтмони “Тахти Наврӯз”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6 май ҳамтои туркманаш -- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро, ки тайи як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, бо корҳои сохтмону ороиши “Тахти Наврӯз” ошно кардааст. Тахти Наврӯз дар рӯбарӯи Варзишгоҳи марказии пойтахт ҷойгир буда, бештар бо номи “Чойхонаи миллӣ” маъруф аст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин бинои иборат аз се ошёна “мутобиқ бо анъанаҳои бисёрҳазорсолаи меъморӣ ва ороиши миллии тоҷикӣ ва ҳам бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ бунёд меёбад”. Қарор аст, ин маркази фарҳангӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.
Баъд аз ошноӣ бо корҳои сохтмону ороиши Тахти Наврӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои туркманашро ба Варзоб бурдааст. “Шиносоӣ бо табиати зебою дилфиреби дараи Варзоб, ки минтақаи истироҳату сайёҳӣ эълон гардидааст, боиси болидахотирии меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ гардид”,-менависад сайти расмии Эмомалӣ Раҳмон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |