“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)
Нарафтани Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба аёдати сокинони Бадахшони зери ярчмондаи ин кишвар бо вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шудааст. Шабакаи телевизионии “ТулуъНюз”-и Афғонистон бо расонидани паёми мардуми офатзадаи Бадахшон ба Ҳомид Карзай зери ярч мондани беш аз 2 ҳазор сокини кишварашро натиҷаи нокомиии давраи раёсати ӯ хондааст.
Дар барнома гуфта мешавад, ҳарчанд раисиҷумҳури Афғонистон барои рафтан ба аёдати ин сокинон вақт надошт ё муҳим намедонист, ҳадди ақал бояд бо нашри як нома тавассути расонаҳо ибрози тасаллият ва ҳамдардӣ менамуд. “Ташаккур оқои раисиҷумҳури барои ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ба мардуми офатзадаи кишвар. Ҷаноби Олӣ, вақт накардед, ҳадди ақал қадам ранҷа намудаву аз миллати худ ҷӯёи аҳвол мешудед. Аз вазъияти фалокатборашон бохабар шуда, ҳадди ақал дарк мекардед, ки дар ин 12 сол то чӣ андоза корҳои зерсохтию мусмир ва сутуданӣ барои сарзамини худ анҷом додаед ё медонистед, ки кори асосие накардаеду бо кадом чеҳра ба аёдати онҳо меравед”,-таъкид шудааст дар ин барнома.
Бино ба иттилои мақомоти Афғонистон, бар асари фаромадани ярч, ки баъд аз боронҳои сел ба вуқӯъ пайваст, дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, як қисми онҳо аз зери сангрезаву биноҳои харобшуда берун оварда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |