Бахшҳо
06 май 2014 10:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

СРУ мегӯяд, умри тоҷикон аз узбакҳо кӯтоҳтар аст

Хадамоти кашшофии Амрико (СРУ) гузориши солонаи худро дар бораи умри миёнаи сокинони кишварҳои ҷаҳон нашр намудааст, ки дар он бадтарин нишондод миёни кишварҳои пасошӯравӣ насиби Тоҷикистон гардидааст.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ, ки миёни 223 кишвари дунё тартиб дода шудааст, дар мақоми 166-ум қарор дошта, умри миёнаи сокини кишвар 67,1 сол нишон дода шудааст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама нишондоди беҳтаринро Узбакистон ба даст оварда, он дар мақоми 125-ум қарор дораду умри миёнаи сокинонаш 73,3 сол қайд мешавад.

Қазоқистон ва Қирғизистон мувофиқан дар ин раддабандӣ мақоми 150 ва 153-ро касб карда, умри миёнаи сокинони ин кишварҳо 70,24 ва 70,1 сол нишон дода шудааст. Аммо дар мавриди Турамкнистон маълумоте оварда нашудааст.

Хадамоти кашшофии Амрико мегӯяд, дар миёни шаҳрвандони 223 кишвари дунё аз ҳама умри дароз сокинони Монако медидаанд, ки умри миёнаи онҳо 89,57-ро ташкил медиҳад. Дар ин раддабандӣ Макао ва Япония мувофиқан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карда, умри миёна дар ин давлатҳо 84,48 ва 84,46 мебошад.
Мӯҳр
Собир
Амрико дигар кор надорад. Умри инсонро худо медонад чи кадар буданашро. Озодагон аз шумо хохиш менамоям ин хел маколахоро чоп нанмоед. Товба

67 сол ҳам бад нест. Ҳаминашба ҳам шукр. Мувофиқи феълу ху ва кӯшишу заҳматамон. Дар кишварҳои камбағал ҳаминқадар умр мебинанд. Аллоҳ Таоло аз бад накунад.

Умрибек
Умри одамиро худо муайян мекунад , вале хукумати Точикистон онро тамоман кам мекунад..ЦРУ бо Точикистон ягон бадие надорад , Гапи ЦРУ 100% дуруст аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)