Вазъи саломатии Шаҳбол Мирзоев баъд аз ҷарроҳии 5-соатӣ
Вазъи саломатии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон баъд аз ҷарроҳии 5-соатӣ хуб арзёбӣ мешавад. Ба қавли Нуъмон Мирзоев, падари сарбози маъюби тоҷик, табибон гуфтаанд, ҷарроҳиии Шаҳбол хуб гузашта, вазъияташ низ рӯ ба беҳбудист.
“Воқеан гарданаш шикаста будааст, тақрибан бо шаш шуруб онро пайваст карданд. Ҳоло барои нишастани Шаҳбол низ табибон иҷоза доданд”,-афзуд ӯ.
Шаҳбол Мирзоеви-23 сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорский интиқол ёфт.
Ҷарроҳии ин сарбози латту кӯбшуда ва маъюби тоҷик рӯзи 5 май дар ин бемористони низомии Русия сурат гирифта, беш аз 5 соат идома ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |