Шарҳи ҳалокати Саймуроди 30-сола дар Нуробод аз сӯи ВКД
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Саймурод Орзуев -- сокини 30-солаи ноҳияи Нуробод, ҳангоми гузаштан аз болои пули дарёи Чанор афтода, ҷон бохтааст. Ба қавли онҳо, ин иттифоқ баъд аз он рух дода, ки маъмурони пулис ӯро баъд аз садамаи мошини “БМВ”-яш ба Бемористони марказии Нуробод бурданд ва ташхис карданд, ки дар ҳолати сархушӣ буд.
Ба қавли манбаъ, “Орзуев ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба симчӯби ноқилҳои барқ бархӯрда, онро зада афтонидааст. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт. Аз тарафи кормандони ШБДА ШВКД нисбат ба ӯ маводи зарурӣ бо моддаи 332 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз дидбонгоҳи Лаби Ҷар Саймуродро барои ба хона рафтан ҷавоб дода, ба автомашинаи Қурбоналӣ Саидов, сокини деҳаи Комсомолободи ноҳияи Нуробод, савор мекунанд.”
Баъд аз ин, рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ, ба гуфтаи масъулони ВКД, Алӣ Орзуев -- падари Саймурод ба мақомот муроҷиат мекунад, ки писараш се шабонарӯз боз нест. “Бо супориши роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Нуробод ҳайати шахсӣ барои кофтукоби Орзуев вазифадор карда мешаванд. Санаи 30 апрел аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Нуробод ҷасади Саймурод дарёфт карда шуд”,-омадааст дар баёнияи ВКД.
Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи санҷиши онҳо муайян шудааст, ки Саймурод ҳангоми гузаштан аз болои пули дарёи Чанор, ки баландиаш тахминан 60-70 метр мебошад, афтода ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |