Бахшҳо
05 май 2014 08:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ирсоли ёрии башардӯстона ба мардуми офатзадаи Бадахшон

Тоҷикистон дар пайи фаромадани ярчу ҳалокати беш аз ду ҳазор сокини вилояти Бадахшони Афғонистон ба ин минтақа корвони ёриҳои башардӯстонаи худро ирсол кардаааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин кумакҳо бо дастури Эмомалӣ Раҳмон омода шуда, аз маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва оби ошомиданӣ иборатанд.

Аз ин пештар, оқои Раҳмон бо ирсоли барқияе ба раисиҷумҳури Афғонистон - Ҳомид Карзай дар робита ба ҳалокати одамон аз офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ карда буд. Дар номаи ӯ аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷалолатмаоби гиромӣ, бо андӯҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам. Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.

Бино ба иттилои мақомоти Афғонистон, бар асари фаромадани ярч, ки баъд аз боронҳои сел ба вуқӯъ пайваст, дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, як қисми онҳо аз зери сангрезаву биноҳои харобшуда берун оварда шудаанд.
Мӯҳр
Мас
Рухи ин точикон шод бод.

Дар он лаби дунё як кас мурад чаноб медонад амо хар хафта як одама зада мекушан ира дарак намиёбад ачиб аст))))

Tojik
Charo baroi tojikone ki dar sel omadan halok shudan suhane naguft?

Mardumi xudshon ay gushnagivu bechoragi dar Rusiya gulomi kardesten, i mardak mardumi Afgona xurondestai...

Точик
И мардум хама точикан, факат бо амри такдир..........

Хонанда аз Бадахшон
Мухтарам хабарнигорони рузнома Озодагон аз Шумо эзтиромона хохиш карда мешавад, ки хангоми сарлавха гузоштан ба маколахоятон андаке возехтар баён намоед. Ирсоли ёрии башардӯстона ба мардуми офатзадаи Бадахшони Афгонистон менавиштед хубтар ва фахмотар мешуда . Барои мардуми офатзадаи Бадахшон вакте, ки кумак шуд баъд нависед. Намедонед чи тавр таваччухи хонадагонро ба худатон чалб намоед , оё бовари надоред ки маколахои Шумо аз тарафи шахрвандони Точикистон хонда мешаванд ёна

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)