Русия барои ҷумҳурии Исломии Эрон нерӯгоҳҳои барқӣ- атомӣ месозад.
Дар ин бора Фаридун Аббоси Даввонӣ, сарвари оҷонсии ҳастаии Эрон иттилоъ додааст. Бино ба гуфтаи Фаридун Аббоси Даввонӣ ҷониби Эрон бо Федератсияи Русия дар мавриди сохтмони чунин нерӯгоҳҳо гуфтушуниди чандгоҳӣ доштааст ва дар ин росто тарафҳо ба мувофиқа расидаанд. Маскав, ба гуфтаи Фаридун Аббоси Даввонӣ, чанд пешниҳоди ҷолибе кардааст, ки Эрон манфиатҳое аз иҷрои ин пешниҳодот хоҳад дошт.
- Гуфтушунид ва пешниҳодоти тарафҳо то он замоне ки манфоеи тарафҳо ба пуррагӣ ҳимоя нашаванду мо ба тавофуқи комил нарасем, идома хоҳад дошт ва ҳамаи лоиҳаҳо ба тарзе амалӣ хоҳанд шуд, ки манофеи ҳарду тараф сарфи назар нашаванд,-гуфтааст Фаридун Аббоси Даввонӣ, сарвари Оҷонсии ҳастаии Эрон. {jathumbnail off}
Мӯҳр