Баҳси интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Қувайт
Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ, мушовири Девони Амири давлати Қувайт, дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи интиқоли оби ошомиданӣ ба кишварашро баҳс кардааст. Ин мулоқот рӯзи 2 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон иброз доштааст, ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатбахш бо давлати Қувайт хушбин мебошад. Ба қавли манбаъ, миёни ҷонибҳо ҷудо кардани бурсия (квота) барои интиқоли нафт аз Қувайт ба Тоҷикистон, бунёди як маҷмааи табобатии минтақаӣ, меҳмонхонаҳои хурду бузург дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон низ матраҳ гардидааст.
Доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ, ки ҳамзамон намояндаи дабири кулли Созмони Милал дар умури башардӯстист, ба амалӣ намудани корҳои хайрия, аз ҷумла барои бунёди беморхонаи байналмилалӣ, мактабҳо, кашидани хаттҳои оби ошомиданӣ ба минтақаҳои эҳтиёҷманди Тоҷикистон ва кумак ба ятимхонаҳо ва ғайра изҳори омодагӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |