Дидгоҳ: Таъини сафири Исроил, мо ва яҳудиёни Бухоро

Таъйини Кармелла Шамир - сафири нави Исроил дар Тоҷикистон баъзе садоҳоеро баланд кард, ки воқеан боис ба нигаронист. Иддае зери ливои бегона мехоҳанд, миллати моро низ ба чоҳе, ки худашон қарор доранд, биафкананд.
Ман мисли ҳукумат аз "нерӯҳои номаълуми бегона" намегӯям, чунки аз ягон нерӯ муттаҳам нестам. Ошкор мегӯям, ки нерӯҳои саудӣ, қатарӣ ин идеяро маблағгузорӣ мекунанд ва мафҳумҳоро таҳриф карда, моро ба тори дурӯғи худ мепечонанд. Ва мо бовар мекунем.
Аммо мақсад мӯшикофӣ нест, ки кадом нерӯ аз куҷо "заряд" мегирад. Медонанд, ки медонем ва медонем, ки медонанд. Ин ҷо бояд дар мавриди мову яҳудиҳои Бухоро нависам. Биёед, аз аввал таҳлил кунем:
А) Мо бо яҳудиҳо шиносоӣ ва ҳамзистии беш аз дуним ҳазорсола дорем. Агар ба Таврот имон овардаем, дар ин Китоб ояҳое ҳастанд, ки дарак медиҳанд, Парвардигор Куруши Кабирро озодибахши яҳудиён интихоб кард ва дунёро зери дасташ даровард. Куруш фармони сохтани ибодатгоҳ барои ибодати Худои Ягонаро ба яҳудон дод. Онҳо маҳз бо фармони Куруш ва зери ҳимояи ӯ Хонаро сохтанд. Ва аз ин замон шиносии миллати Яктопарасти ориёии мо бо миллати Яктопарасти сомӣ оғоз шуд. Дар Таврот Худованд Курушу Дориюшу... тухмаи эшонро ба ёрии яҳудиён раҳнамоӣ кардааст. Оғоз аз он замона миёни мардуми мо ва яҳудиён ҳеч ихтилофе набуд. Баръакс, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ягон ихтилофи динӣ ё даъвати ҳамдигар ба қабули дини ҳамдигар нашудааст. Ва ягон бор сари ҳамдигар лашкар накашидему қатли ом накардем. Баръакс, мо бо арабҳо ихтилоф доштему дорем. Аз Қутайба то имрӯз аз араб ғайри шикасти ғайрат чизи дигаре надидем. Кофир мешавем агар гӯем, ки динро аз араб гирифтем. Дурӯғи маҳз аст. Парвардигори Якто динашро Худ ба дилҳои мо ҷо кард, мувофиқи ваъдааш дар Калом. 300 соли баъди Қутайба мо ба араб ҷизя (доля) медодем, аммо Исломро қабул накарда будем ба зӯр. Вақте қутайбаҳо заиф шуданд, миллати мо Исломро шинохта, ба ҷон қабул кард. Муҳим аст, ки мо Ислом ва арабро як нашуморем.
Б) Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳеч гоҳ инсонҳоро аз рӯи дину сиёсату забону... ҷудо намекард. Аз ин сабаб, Бухоро то ғасби русҳо амнтарин давлат дар дунё ҳисоб мешуд. Зиёда аз ин, яҳудиён қисми таркибии таъриху фарҳанги мо шуданд. Фавҷ-фавҷ дар мо ҳал шуданд. Ҳоло ҷудо кардани онҳоеро, ки ҳал шудаанд, хеле душвор аст, аммо деҳаҳою авлодҳое то имрӯз баромади яҳудии худро медонанд. Аҷаб, ки имрӯз байни онҳо ҳам яҳудситезон кам нестанд. Ин таъсири сиёсати тафриқаи русист, ки Павлик Морозовҳоро тавлид кардааст. Дар Бухоро яҳудиён аз ҳама хуқуқи шаҳрвандӣ бархӯрдор буданд. Баробари мо ғаму шодӣ доштанд. Дар мансабҳои давлатӣ низ буданд. Аз ҷумла, Арони Кандин вазири молия ва мушовири иқтисодии амири Бухоро буд.
В) Яҳудиҳо дар ин садсолаҳои зиндагии муштарак то ҷое расиданд, ки баъзе рукнҳои фарҳанги худро во гузошта, фарҳанги моро қабул карданд. Бо тамомии саъй бар фарҳанги мо афзуданд. Аввали солҳои ғасби комунистии рус, ки яке аз вазоифаш нест кардани миллати мо буд, маҳз ба порсӣ сухан кардану узви фарҳанги мо будани яҳудиҳо сабаб шуд, ки миллатшиносони мо шунида шаванд. Мо зери нақораҳои сиёсӣ гӯши шунидан надорем. Аммо Парвус-спонсори инқилоб, дар Бухоро шогирди яҳудие дошт бо номи Гаспаринский. Устоди бузург Ғасфаронӣ ёдатон омад? Зиёиёни яҳудии Бухоро дар паҳлӯи миллати дар муҳосира афтодаи мо истоданд. Ёварӣ карданд. Аммо номҳояшон паси пардаи сиёсатҳо монд.
Г) Дар замони шӯравӣ низ қисми яҳудиёне, ки худро бе мо тасаввур карда наметавонистанд, хонаҳои ободи худро дар Самарқанду Бухорою... партофта, ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо мардуми шаҳрҳои қадимии мо буданд. Омаданд ва бо мо барои нигаҳдорию рушди фарҳанги мо хидматҳои бебаҳо карданд. Бенсион Кимёгаров, Барно Исҳоқова ва садҳо сарсупурдагони фарҳанги моро мешиносем, ки дарак аз фарҳанги муштараки мо медиҳанд. Хизматҳое, ки яҳудиёни Бухоро замони шӯравӣ ба илму фарҳанги тоҷик намудаанд, арзиши бебаҳо доранд.
Е) Имрӯз, ки мо аз баҳри назофати фарҳангии худ гузашта, атласу адрасу кимхобу махмалу ҳариру дебою.... ба дигарон таслим карда, танҳо домони чакан медорем, қурутобро ягона ғизои миллӣ эълом медорем, маҳз яҳудиёнанд, ки дар ақсои дунё назофати фарҳангии моро ҳифз карда, тарғиб мекунанд. Онҳо аз фарҳанги воло, забони шево, санъати баланди мо ҳарф мезананд. Имрӯз дар тамоми дунё мактабҳои фарҳангии муштараки моро зинда медоранд.
Бар ҳамин асос, набояд ба хотири ақидаҳои ифротии бегона аз таърих ва воқеияти зебои ҳамзистии худ сарфи назар кунем.
Сафват БУРҲОНОВ
Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |