Қодири РУСТАМ
"Представительство Российского фонда развития «Институт Евразийских Исследований» в Таджикистане, в преддверии празднования 69-ой годовщины Победы в Великой Отечественной войне (1941-1945 гг.), организует праздничные мероприятия, посвященные этой дате. Об этом «АП» сообщила директор представительства Фонда «ИЕИ» в Таджикистане Галина Назарова. По ее словам, по традиции праздничные мероприятия начнутся с акции «Георгиевская лента» под девизом «Мы помним! Мы гордимся!», которые пройдут в столице 8-10 мая. В широкомасштабной акции примут участие студенты и школьники столицы".
Ин бахше аз хабарест, ки хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи шанбеи гузашта пахш кардааст ва ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон хонданду гузаштанд. Ва шояд камтар касе таваҷҷуҳ гумошта ва ба худ суол дода бошад, ки чаро мардуми мо - шаҳрвандони Тоҷикистон ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки бешак падарону бобоёни мо низ саҳми арзанда дар он доранд, бояд ба гиребон ва синаи худ "лентаи Георгий"-ро насб бикунанд??? "Лентаи Георгий" чи иртиботе бо таъриху маънавиёти мо дорад? "Лентаи Георгий" чи рабте бо Ҷанги ҷаҳонии дувум дорад?
Мухтасар бигӯям: Орден ва лентаи Георгий ба шарафи Георгийи муқаддас, аз авлиёи дини масеҳӣ, ки дар асри чаҳоруми милодӣ кушта шуда ва ҳомии Русияи подшоҳӣ маҳсуб мешуд, таъсис ва номгузорӣ шудааст. Баъд бо фармони В.И.Ленин дар интиҳои соли 1917 тамоми медалу орденҳои Русияи подшоҳӣ, аз ҷумла – орден ва лентаи Георгийи муқаддас мамнуъ гардид ва дар давоми мавҷудияти Ҳукумати Советӣ на зарб зада мешуд ва на эъто мегардид. То ин ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ давлати Русия бо ҳадафи дарёфти ҳувияти гумкарда дар соли 1992 онро барқарор кард… Акнун суол ин аст, оё Тоҷикистон пас аз касби истиқлол аз Шуравӣ ба Русия пайваст? Оё Тоҷикистон музофоте аз Русия аст? Оё тоҷикон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум зери парчами Георгийи муқаддас ҷангида буданд? Агар ҳеч як аз ин суолҳо посухи мусбат надорад, пас ин ҳамоқат аз куҷост, ин дағдағаро сабаб чист, чаро русҳо дар мулки бегона худро соҳибхона эҳсос мекунанд, магар Точикистон барои онҳо корвонсарой аст???
Аммо кӣ ба инҳо ин иҷозаро дода, ки чанд сол аст, «лентаи Георгийи муқаддасашонро чун тумор ба мардуми тоҷик медиҳанд ва имсол низ тасмим гирифтаанд, ин корро, ки таҳқире беш нест, такрор бикунанд?! Аммо, шояд иҷоза ҳам напурсида бошанд???
Ва агар андаке амиқтар биандешем, сабаби ин амрро ба осонӣ дархоҳем ёфт. Худи ҳамин рузи шанбе (26 апрел) сайти радиои «Озоди» хабари ҷолиби дигареро нашр кард: “Натиҷаҳои таҳқиқ, ки “М-Вектор”, як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Осиёи Марказӣ моҳи ноябр ва декабри соли 2013 анҷом додаст, ба тозагӣ нашр шуд. Бар асоси ин пажӯҳиш, тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд ва назари тақрибан 50 дарсадашон “бисёр мусбат” аст. Юрий Герасимчук, яке аз муаллифони пажӯҳиш ин дилгармии мардуми Тоҷикистон ба Русияро дар муносибатҳои суннатии ду тараф мебинад».
Ман, ростиро ба назарсанҷиҳо, ки бародари хурди омори давлатӣ аст, чандон эътимод надорам, вале ба натиҷаи таҳқиқи «М-Вектор» бовар мекунам, ҳатто итминон дорам, ки дарсади тоҷикони «дӯстдор»-и Русия хеле бештар аз ин аст, ки онҳо эълом кардаанд. Ва рашке ҳам ба ин муҳаббати якҷониба надорам, дӯст доред дӯст доштан бигиред, 99, 9 дар садатон дӯст бидоред. Вале оё касе аз ин миён ҳаст, ки ба мани намояндаи 38 дар сад ё 0, 1 дар саде, ки Русияро наметавонанд ё намехоҳанд дӯст бидоранд, ба таври возеҳу равшан ва мудаллал шарҳ бидиҳад, ки ин дӯстдории булъаҷабро сабаб чист? Албатта, ҷавоби хеле забонзаде ҳаст, ки мукаррар дар нашрияҳо чоп ва мунташир шудааст ва ҳар рӯз ба гӯш мерасад: Фақат Русия ҳаст, ки ба беш аз як млн. шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза медиҳад, дар сохтмону корхона ва бозору мағозаҳояш кор бикунанд ва маоши худу хонадонашонро таъмин намоянд. Ин посухи дар назари аввал дуруст, дар асл хеле содалавҳона аст. Оё мардикори тоҷик дар Русия инсонвор кор мекунад? Оё дар Русия хуқуқи инсонии ӯ муроот мешавад? Магар мардикори тоҷик ба ивази 1 ҳазор рубле, ки кор мекунаду барои аҳли хонаводааш мефиристад, 10-20 ҳазор рубл барои иқтисоди Русиё фоида намеоварад? Оё ҳар рубли коркардаи ӯ омехтаи арақи ҷабинаш ва ашки талхи фарзандонаш нест?... Магар вай ин пулро бидуни ҷабру ҷафо, таҳқиру тавҳин ва хорию зиллат пайдо мекунад??? Суолҳо дар ин замина беохир аст, вале дар ҳамин ҷо қатъ мекунам; ин қадар, ки гуфтем ба гӯшҳо бирасад, худ давлати бузург аст.
Ва давлати Русия – шарики стратегии давлатдорони тоҷик чӣ мекунад? Қарзҳои чандинмиллиардии кишварҳои дури Африқо ва Осиёро мебахшад, аммо ба ивази қарзи каме беш аз 200 млн-ии шарики муттаҳидаш муассисаи нодири муроқибати фазоии «Окно»-ро аз худ мекунад, ба ивази мустақар кардани пойгоҳи низомии 201-умаш дар маҳдудаи Тоҷикистон як рубл ҳам намепардозад ва боз мардуми моро «шарм дорондан мехоҳад», ки мо шуморо аз душманони беруна ҳифозат мекунем, шумои ношукр ба ҷойи изҳори сипос аз мо пул мехоҳед. Дар баҳси ӯзбакистону Тоҷикистон дар иртибот бо «Роғун» амалан аз ӯзбакистон химоят мекунад… Намехоҳам дигар давом бидиҳам.
Ва боз бармегардем ба назархоҳиҳо. Дар Русия низ чандин бор тайи солҳои гузашта назархоҳиҳое дар мавриди муносибати шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои собиқи шӯравӣ анҷом шуда буд. Арқом дар ёдам нест, вале тамоил муҳим аст, ки то охири умр фаромӯшам намешавад: мардуми рус аз миёни миллату кишварҳои шӯравӣ аз ҳама камтар ба тоҷикону Тоҷикистон эътимод доштаанд, аз ҳама бештар моро бад медидаанд. Сатҳи эътимоди русҳо ба мо камтар аз Литва, Латвия, Эстония, ки пушти по ба Русия заданд ва дарашонро ба рӯйи мардуми рус бастанд ва ҳатто камтар аз Гурҷистон, ки маҷбур вориди ҷанг бо ин Хирси қутбӣ шуда буд, будааст!!!
Кӣ посух медиҳад, ки маънии он «муҳаббат»-и тоҷикона ва ин «нафрат»-и русона чист?
Аз миёни садҳо нафар тоҷикон, ки барои як ғалабаи ночизи тими мунтахаби Русия дар мусобиқоти футболи ҷаҳон шаб то саҳар хоби худу дигаронро ҳаром карда, парчами Русияро ба ҷилва оварда, бо шӯру ҳамҳама – гӯйӣ Самарқанду Бухороро бозпас гирифта бошанд, - мошинҳояшонро дар кӯчаҳои Душанбе ин тарафу он тараф тозонданд, як нафар доное пайдо мешавад, ки сабаби ину ваҷҳи онро шарҳу тафсир кунад.
Аммо медонем, ки посухе дурусту рост надоранд, агар ба ин масоил меандешиданд, ҳаргиз бо чунин ошиқӣ худро расвои олам намесохтанд….
Аммо ман гумон мекунам, ба як сухан, сабаби он нафрату бадбинӣ, ҳамин ишқи яксӯяи беҷавоб аст… Дар ин ки русҳо ба тоҷикон эътимод надоранд, тоҷиконро бад мебинанд, гунаҳкори асли худи тоҷиконанд…
Чун ин муҳаббат бе асос аст, ин муҳаббат заминае надорад, ин муҳаббат маншаъ дар руҳи ғуломона дорад …. Ва чун рус мебинад, ки тоҷик – бо он ки бад мебинадаш, - боз ҳам изҳори муҳаббат мекунад, бо ин ошиқи шалқин чун бонуи сарватманди пурнозуишваи танноз аст, муносибат мекунад…
Аз Уилям Фолкнер, дар бораи шӯҳрат суол доданд. Фолкнер, - Худо биёмурзадаш, ки бузург марде буд, - дар посух гуфт: «Шӯҳрат мисли зани сернозу нуз аст, агар аз пасаш давед, бо чашми ҳақорат ба шумо менигарад, агар тавваҷҷуҳаш накунед, аз пасатон медавад». Ва ишқу муҳаббат низ дар бисёр маворид мисли шӯҳрат аст…
Оё барои мо хақорат набуд, ки Юрий Лужков – шаҳрдори Маскавро пас аз он ки ошкоро тоҷиконро таҳқир кард, ба Душанбе даъват кардем, ба оғӯш кашидем ва бӯсидемаш.
Оё мо набудем, ки скинхедеро ки тоза аз зиндон берун омада буд, ба кишварамон ба меҳмонӣ хондем, аз ин ресторан ба он ресторан гардонда зиёфат оростем ва ӯ хӯрду хуфту р… у баргашту лоф зад, ки барои он ки бо тоҷикон салом накунам, дастам шикаст гуфта, гипс карда будам. (Дар ҷумлаи боло «скинхед»-ро бо сифати аблаҳ оварда будам, баъд кӯр кардам: ростӣ, ки на ӯ, балки он кас (в ё касоне?) аблаҳ аст, ки ӯро даъват карду зиёфат орост ва як миллатро шарманда сохт).
Сабаби дигар, ин аст, ки мо мардуми тоҷик ба худ эҳтиром надорем, ба худ бо чашми ҳақорат менигарем, обрӯямон кайҳо рехта ғуруру ифтихорамонро ба хоки сиёҳ баробар кардааст; машҳуртарин ва маъруфтарин иборае, ки дар бисту анд соли истиқлол эҷод кардем, «тоҷикиш кун», ё «тоҷикиш кардам» аст, ки маънои вайронкорӣ, харобкорӣ, кори нимкора, кори бадсифати сараму диламро дорад. Пас агар мо худро эҳтиром намекунем, агар мо худро дӯст намедорем, чаро мехоҳем, умед дорем, дигарон эҳтиромамон кунанд, дигарон дӯстамон доранд. Чанд сол қабл навишта будам, мардуми мо бо он ки масеҳӣ нест, бо он ки худро мусалмони комилиёр меҳисобад, аммо бештар аз ҳама қавмҳои пайрави мазҳаби насронӣ аз асли исавии «агар ба рӯйи ростат бизананд, рӯйи чапатро пеш ор» муроот мекунад.
Мутаассифона, дар чанд соли охир боварам ба ин амр бештар шудааст. Дар ин ҷаҳони «майдон аз далер аст» ва дар ин асри «хари ҳар ки ақиб монад гӯшашро мебуранд», вақте ки рӯятонро пеш меоред, ҳатман шаппотие мехуред, фиреби падаронатонро нахуред, ки гардани хамро шашмер осонтар мебурад. Ва аммо, ин ки чаро мо чунинем, мавзӯи баҳси тӯлонии дигар аст...