Маҳмадалиев гуфт, нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон яке аз навъҳои қувваҳои мусаллаҳи нахуст ташкилёфта дар ҳайати артиши миллӣ ба шумор меравад, ки имсол аз бунёди он 18 сол пур мешавад. Солҳои аввали таъсисёбии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ танҳо чаҳор чархболи «Ми -24»-и ҳарбӣ дошт. Айни ҳол дар ҳайати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон чархболҳои «Ми -24», «Ми- 8» ва ҳавопаймоҳои гуногуни ҷангӣ фаъолият мекунанд, ки дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон ҳавонавардони тоҷик бо маҳорати баланди ҳавонавардӣ амалиётҳои махсус доир намуда, метавонанд аз иҷрои вазифаҳое, ки бар зиммаи онҳо гузошта шудааст, бароянд.
Тоҷикистон аз соли 1997 ин ҷониб чархболҳои ҷангиву ҳавопаймоҳои ҳарбии худро дар машқҳои мукаммали низомӣ, ки дар дохил бо ҷалби сохторҳои қудратии мамлакат ва дар хориҷ бо онҳое, ки бо мо ҳампаймон ҳастанд аз қабили Созмони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД), қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар созмонҳо, ки доир мегарданд, ҳамкориро пайваста сайқал медиҳанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |