Тақозои Кумитаи ҳифзи журналистон аз ҳуқумати Узбакистон
Кумитаи ҳифзи журналистон, мақарраш дар Ню-Йорк дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот бо нашри иттилоияе гуфтааст, бояд барои раҳоии 10 журналист аз зиндонҳо талош кард.
Дар феҳрасте, ки ин ниҳод пешниҳод кардааст, исми Муҳаммад Бекҷонов, хабарнигори узбак ҳам ҳаст. “Муҳаммад Бекҷонов 15 сол аст, ки дар маҳбас нишастааст. Ӯ яке аз рӯзноманигороне дар ҷаҳон аст, ки аз ҳама бештар умраш дар зиндон гузаштааст”,-омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Узбакистон Бекҷоновро дар “фаъолиятҳои зидди давлатӣ” муҷрим шинохта, ӯро барои муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |