Номаи наҳзатиҳо ба Абдураҳмон Қодирӣ: “Чора андешед. Агар не...”
Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли нома ба Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз муносибати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қудратӣ бо пайравони ин ҳизб шадидан ибрози нигаронӣ кардааст. Нусхаи ин нома ба раҳбарияти Кумитаи амнияти миллӣ дар шимоли кишвар низ фиристода шудааст.
Дар ин нома, ки дастраси ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ низ гардид, аз ҷумла омадааст, “вазъи муносибати мақомоти қудратӣ бо пайравони ҲНИТ дар вилояти Суғд носолим буда, идома ёфтани ин раванд эътимоди мардумро ба ҳуқуқбунёдӣ ва демократӣ будани давлатдории Тоҷикистон коста мегардонад.”
Масъулини бахши ҲНИТ дар Суғд гуфтаанд, ин гуна муносибати мақомоти қудратӣ бо аъзои ҲНИТ барои амнияти кишвар хатар дошта, боиси гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ хоҳад шуд. “Вақтҳои охир пайравони ҲНИТ дар вилояти Суғд мавриди таъқибу фишори мақомоти қудратӣ қарор дошта, ҳатто ҳолатҳои таҳқиру латту кӯб ва талаби рӯйхати аъзои ҲНИТ ва хориҷ шудан аз сафи ҳизб мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, аз Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ҳукумати вилояти Суғд ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин минтақа эҳтиромона хоҳиш мекунем, дар асоси ваколатҳои худ чораҳои мушаххас биандешед”,-омадааст дар номаи бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |