Бобоназарова: “Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба муҳоҷирон беҳурматӣ кард” (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР
Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони “Перспектива+” ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи соли гузашта, ҳарфҳои охири Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи теъдоди муҳоҷирон ва фаъолияти САҲА (ОБСЕ) дар кишварро беҳурматӣ донист. Ӯ гуфт, “агар парлумони мо парлумони демократӣ мебуд, вакилон худ истеъфои Зуҳуровро талаб мекарданд”.
Ин ҳуқуқдони тоҷик дар идома афзуд, “Владимир Жириновский нисбат ба муҳоҷирон беҳурматӣ мекунад ва суханҳои паст мезанад. Барои як кишвари демократӣ такрори суханони Жириновский айб аст. Зуҳуров набояд фаромӯш мекард, ки маҳз теъдоди зиёди муҳоҷирон ба тарафдории ҳамин раиси парлумон овоз дода буданд. Афсӯс, ки қонун дар бораи бозхонди вакилонро надорем.”
Ойниҳол Бобоназарова илова кард, Зуҳуров дар ин баромадаш, инчунин, суханҳои пастубаландеро алайҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баён доштааст, ки паёмадаш барои кишвар нохуб хоҳад буд. “Шукурҷон Зуҳуров набояд фаромӯш кунад, ки Тоҷикистон аъзои ин созмон аст. Агар ӯ дар мансаби поёнтар мебуд, яқин чунин ҳарфҳоро изҳор намедошт. Дар Тоҷикистон бисёр мансабдорон тайёранд, ки барои нигоҳ доштани мансаби худ ба ҳар кор даст бизананд. Зуҳуров низ талоши нигоҳ доштани мавқеи худро дорад. Азбаски давлати Тоҷикистон хостори гузарондани ислоҳот нест, чунин мавқеъгириҳо метавонад барои ҳифзи курсӣ кумак кунад”,-таъкид дошт ӯ.
Раҳбари “Перспектива+” мегӯяд, “шояд эътироз кунанд ва гӯянд, ки парлумон мустақил аст. Вале, дар асл, ин шохаи ҳокимият дар кишвари мо мустақил нест. Зуҳуров танҳо ба хотири нигоҳ доштани курсии худ чунин гуфтааст.”
Маврид ба зикр аст, ки 24 апрели соли ҷорӣ раиси парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии тарҳи қонуни вакилони ҲНИТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” гуфт: “Ба умеди ОБСЕ (САҲА) нашавед. Як камтар таҳлил кунед, дар куҷое, ки дасти онҳо то охир буд, дар он ҷо ҳеч вақт на тинҷӣ буд, на оромӣ буд ва на демократия буд. Ин як. Дувум ҳамин аст, ки ҳар як минтақа, мардум ва миллат менталитет, шароит ва таърихи худашонро доранд.”
Оқои Зуҳуров инчунин бо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси ҲНИТ дар бораи теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия вориди баҳс шуд. Дар ҳоле ки Кабирӣ гуфт, феълан дар Русия якуним миллион шаҳрванди кишвар машғули кору зиндагиянд, Шукурҷон Зуҳуров ин рақамро “воҳима” донист. Вай афзуд, бар асоси иттилои расмӣ шумораи муҳоҷирон ба 800-900 ҳазор баробар аст ва чанд ҳазори онҳо, ки дар тғӯли панҷ сол дар Русия зистааст, алакай шаҳрванди онҷост.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |