Созмони ҷамъиятии рушди деҳот ва 10 маркази ёрии ҳуқуӣ дар мавриди ташкил намудани Шабакаи рушди деҳот санади ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд.
Тибқи иттилои Муҳаббат Яқубова, мушовир оиди равобит бо ҷомеа ва ҳисобгузории ассотсиатсияи шветсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Ҳелветас, ҳадафи аслии Шабакаи рушди деҳот устувор намудани рушди 10 маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо деҳқононро бо хизматрасонии самарабахши ҳуқуқӣ таъмин менамоянд. Шабакаи рушди деҳот дар доираи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ дар деҳот созмон дода шудааст ва ҳамзамон дар ҳамкории зич бо созмони Ҳелватес амалӣ шуда истодааст. Барои аъзо шудан бо Шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ 30 ташкилоти ҷамъиятӣ дархосту пешниҳод намуданд, вале танҳо 10 ташкилот аъзои шабакаи мазкур гардиданд, ки онҳо ташкилоти ҷамъиятии «Арбитраж», «Инис», «Мададгор», «Маркази ҳимоя ва ҳамкорӣ», «Умедбахш», «Пайванди шаҳрвандӣ», «Зан ва ҷомеа», «Илҳом», «Бонувони фардо» ва «Шаҳноза» ба шумор мераванд, афзуд манбаъ. Давраи навбатии аъзо гаштан ба Шабакаи рушди деҳот тирамоҳи ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст, афзуд Муҳаббат Яқубова.
Мӯҳр