Қасди мақомоти Русия барои гирифтани ташхиси ДНК-и муҳоҷирон
Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, хостааст, аз муҳоҷирони корӣ дар баробари гирифтани изи ангушт намунаи ташхиси ДНК низ гирифта шавад.
Ромодановский дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, онҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи тафтишотии Русия дар фикри роҳандозии тарҳе мебошанд, ки бар асоси он аз шаҳрвандони хориҷии ба ин кишвар омада, намунаи ДНК гирифта мешавад.
Раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар давоми соли 2013 беш аз 3 миллион нусхаи изи ангуштони шаҳрвандони хориҷӣ гирифта шуда, аз аввали соли ҷорӣ то ин дам, ин нишондод 700 ҳазорро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, изи ангушт аз муҳоҷирони ноболиғи синнашон аз 12 боло низ ба хотири муайян кардани шахсият ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо ҳангоми буду бош дар қаламрави Русия гирифта мешавад.
Ромодановский дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “оё гирифтани изи ангушт аз сокинони кишварҳои узви иттиҳоди собиқ шӯравӣ маънои нодида гирифтани ҳуқуқи онҳо нест?” изҳор дошт, ин амал ҳеч гоҳ боиси поймолшавии ҳуқуқи меҳмонони Русия нахоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |