Аз муҳоҷират то маъюбии Шарифов ва ваъдаи раиси Хуҷанд
Неъматҷон Шарифов, сокини 44-солаи Хуҷанд, ҳашт сол боз аз ду пояш маҳрум аст ва дар манзили иҷора ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, ҳоло фарзандони соҳибхонааш бузург шудаанду бояд оиладор шаванд ва аз ин рӯ, маҷбур аст, он ҷойро тарк намояд.
Оқои Шарифов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи ҳафтуми апрели соли ҷорӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, ба дидораш омада, як манзил ваъда кардааст. “Аз ин ҳимояти раис хеле шод ҳастам. Он кас гуфтанд, масъули манзил -- Эшонқулов меояд, аммо то имрӯз касе аз ҳукумат на омадааст ва на занг задааст”,-афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо нақл мекунад, ки ҳашт сол қабл, ҳангоми муҳоҷират дар Русия, пойҳояш зери трамвай монда, баъдан табибон онро буридаанд. “Се моҳ дар беморхона бистарӣ шудам. Табибон ҷуз чораи буридани пойҳоям то рон роҳи дигареро надиданд. Зиндагӣ бо ин вазъ хеле мушкил аст”,-мегӯяд ӯ. Ба қавли Неъматҷон Шарифов, баъд аз пахши барномае дар бораи ӯ тариқи телевизионҳои Хуҷанд як гуруҳ аз намояндагони дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд низ ба аёдати ӯ омадаанд. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар шимоли кишвар, мегӯяд, онҳо аз ҳоли Шарифов хуб огоҳанд ва мехоҳанд, барои таъмини ӯ бо манзил саҳм бигузоранд. “Дар суҳбат бо Неъматҷон фаҳмидем, ки раиси шаҳр ваъда додаанд, ӯро бо хонаи истиқоматӣ таъмин менамоянд. Мо аз шунидани ин хабар хеле шод гаштем. Бояд гӯям, мо низ омода ҳастем, ки дар ин кори хайр шарик бошем”,-мегӯяд Ёқубов.
Неъматҷон Шарифов мегӯяд, пештар барои гирифтани манзил ба ҳукумат муроҷиат карда буд, аммо ба далели он ки ӯ дар ақди никоҳи зани пешинааш мебошад ва дар номашон хона ҳаст, дархосташро рад кардаанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, баъд аз маъюб шудан ҳамсару ду фарзандаш ӯро тарк намудаанд ва хонаро низ гирифтаанд. Ӯ тӯли ин муддат иҷоранишин буда, бо меҳнати худ ҳар моҳ 200 сомонӣ маблағ месупорад.
Неъматҷон Шарифов пас аз шаш соли ҷудоӣ бо зане оила барпо мекунад, ки ӯ низ аз як пой маҳрум аст. Ҳоло онҳо соҳиби писараке бо номи Муҳаммадюсуф мебошанд, ки ҳашт моҳ дорад. Орзуи ягонаашон ин аст, ки соҳиби хонаи шахсӣ гарданд ва дар зимистони сард сарсону саргардон намонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |